Дар ҳошияи мулоқоти Президент

Ҷавонон бояд дарки масъулият намоянд

№109 (3094) 31.08.2013

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки имрӯз  ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, баҳри рушду нумуи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар иртибот ба ин мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Шоҳзод Раҳимов дар ҳошияи мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони мамлакат андешаҳои худро чунин иброз намуд.

-  Боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки  рӯзи 23 майи соли 2013 бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» мулоқоти навбатии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид. Ин мулоқот  фарогири дастовардҳои ҷавонон дар зарфи 22 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  таҳлили корҳои то имрӯз анҷомгардида дар самти амалисозии сиёсати ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафту тараққиёти кишвар, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва роҳҳои ҳалли он буд, — гуфт Шоҳзод Раҳимов.-Сарвари давлат зимни суханрониашон зикр намуданд, ки дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Мавсуф ҳамчунин изофа намуд, ки бо  дарки масъулият ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ гуфта метавонем,  мо ҷавонон тайёрем  бо дониши амиқи замонавӣ бо одобу рафтори намунавӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба ҷаҳониён собит созем, ки баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан ва таъмини амнияту суботи оромии ҷомеа ҷоннисорӣ намоем. Ин ҷоннисорӣ танҳо тавассути  омӯзиш ва дониши баланду фаҳмиши ҳар яки мо амалӣ карда мешавад. Зеро, бе дониш ва бе дарки масъулият ба хатоиҳои бузург дар оянда роҳ  додан мумкин аст.  Имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин  аз ташаккулёбии мафкураи насли созандаи кишвар ва  аз самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дарак медиҳад. Барои мо пӯшида нест, ки  ҷавонон тӯли солҳои Истиқлолият аз  як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи давлатии президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда бархӯрдор буданд, ки нишон  аз  ғамхориҳои домии Ҳукумати мамлакат мебошад.

- Барои омода намудани кадрҳо дар самти  варзиш давлат ва Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида,  як қатор барномаҳоро, аз қабили  «Барномаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба роҳ монд.  Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳо ва азму талошҳои доимӣ буд, ки теъдоди федератсияҳои варзишии кишвар ба беш аз  50 адад  расид, — гуфт дар поёни суҳбат Шоҳзод Раҳимов.

 

Шарофат  АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»