Ҷавонон набояд фирефтаву гумроҳ гарданд

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Ҷавонон сарвати асосии идеологии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Бо таълим додан, тарбия ва омода намудани онҳо аз назари идеологӣ давлат худро ба неруи мағлубнашаванда, пурқувват, ҷасоратманду ватандӯст, хайрхоҳ ва таҳаммулпарвар муҳайё мегардонад.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксари аҳолии онро ҷавонони то 30 — сола ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд.

Дар ҷаҳони муосир дар кори пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақш ва мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонон ба илмҳои дақиқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.

Илова бар ин, зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки бояд ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонида шаванд.

Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам ба омилҳои зиёде, аз қабили захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ доранд. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди хурофоту оини хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбиниро васеъ намоянд.

Бо дарназардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоя аз аҳдоф ва манфиатҳояшон бархе аз кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос касб кардаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои Осиё зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳояшон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Тибқи маълумот, айни замон дар сафи ҷанговарони гурӯҳҳои террористӣ беш аз 1000 нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ бо роҳҳои гуногун шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ба ҳалокат расидаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатборашон шарафу обрӯи давлату миллатро резонда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ оварданд.

Бо мақсади фирефта шуда, ба роҳи хато нарафтани ҷавонон бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавон, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд.

Агар ба таърих назар кунем, дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри XX ҳазорон нафар шаҳрвандони мо кушта ва беш аз як миллион нафар мардуми осоишта гуреза шуданд. Бо вуҷуди ин, халқи тоҷик тавонист, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намоянд.

Зимнан, бояд ҷавонон аз хусуси дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи сазовор андеша кунанд, Ватанро бо меҳнати ҳалол ва зиндагии шоиста ободу зебо намоянд. Ҳоло ки дар Тоҷикистони азиз корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ҷавонон баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.

П. МИРЗОЗОДА,

судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон