Сиёсати давлатии ҷавонон қисмате аз рукнҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мегардад, ки нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони хушиқболи Ватан бо дарки баланди масъулияти инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳию ифтихори давлатдорӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиштагии ҷомеа қадамҳои устувор ниҳода, баҳри рушди ҷомеаи мутамаддин саҳми босазо гузоштанд.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намуданаш ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, зери шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» муттаҳид сохта, онҳоро ба сӯи муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии сиёсӣ даъват кард. Маҳз якдигарфаҳмӣ буд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷумҳурӣ дар анҷумани ғайринавбатии худ соли 1994 бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ намуд.
13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб мерафт.
Мулоқоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозад, ки Пешвои миллат ба неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон самти афзалиятноки фаъолияташон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997, №414 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат, бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти мамлакат бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, 23 май — «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид. Аз рӯйдодҳои арзишманде, ки дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар падидаи беназир маҳсуб меёбад, 5 маротиба қабул гардидани барномаҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007-2009, 2010-2012 мебошад, ки заминаи мусоидеро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам оварданд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеаи муосир соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуд. Мутобиқи қонуни мазкур синну соли ҷавонӣ аз 14 то 30 — сола муқаррар гардид. Ҳоло 70 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мамлакат ҷавоншавии кадрҳо ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар сатҳи роҳбарии чандин мақомоти давлатӣ ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат фаъолияти пурсамар доранд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуд. Консепсияи мазкур ба ғоя ва принсипҳои бунёдии Эъломияи ҳуқуқи башар, конвенсияҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» асос ёфта, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуд.
Шурӯъ аз соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд, ки истеъдодҳои ҷавонро хеле мамнуну сарфароз гардонид. Ҳоло бошад, дар асоси розигии Ҳукумати мамлакат теъдоди барандагони ҷоиза ба 12 нафар расонида, маблағи он 1000 доллари ИМА муқаррар шудааст. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мегарданд, дипломе, ки дар он Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо мегузоранд, супорида мешавад.
Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани истеъдодҳои ҷавон, дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ озмун доир менамояд, ки ба ҳар кадом ғолиб ҷоиза (шаш ҷоиза) ба маблағи 4200 сомонӣ муайян шудааст.
Ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба илмомӯзӣ ва дарёфти толибилмони соҳибистеъдод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» ба имзо расид, ки мутобиқи он 100 адад стипендия таъсис дода шуда буд. Имрӯз мутобиқи қарори Ҳукумат теъдоди он ба 300 расидааст. Ба ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва ноҳияҳои дурдасти кишвар Квотаи президентӣ таъсис дода шуд.
Ба хотири омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун дар хориҷи мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2005, №1574 «Дар бораи таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ» ва стипендияи «Дурахшандагон» ба тасвиб расид. Айни замон мутобиқи ин фармон ҷавонони тоҷик дар беҳтарин макотиби олии кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд.
Таи солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ташкилоти ҷавонон, наврасон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба фаъолият пардохтанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши арзишманд доранд. Баҳри тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон» аз 10 майи соли 2005, №167 панҷ грант, ҳар кадом бо маблағи 10000 сомонӣ таъсис дода шуд.
Рӯйдоди дигари муҳим дар ҳаёти ҷавонони кишвар дар шаҳру ноҳияҳо ба фаъолият оғоз намудани марказҳои ҷавонон мебошад. Тавре маълум аст, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти клубу маҳфилҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва фароғатӣ заиф гардиданд. Ин холигӣ хоҳу нохоҳ ба раванди тарбияи ҷавонон таъсири худро мегузорад. Бо дарки ин омил, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, дар маҷмӯъ, 70 маркази ҷавонон сохта, ба истифода дода шуд, ки имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Айни замон бунёду сохтмони марказҳои ҷавонон дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар олимпиадаву мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва ғолибияти онҳо дастоварди қобили мулоҳиза мебошад. Аз ҷумла, сазовори ҷойҳои намоён гардидани Дилшод Назаров дар риштаи гурзпартоӣ, Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов дар риштаи гӯштин, Мавзуна Чориева дар бокс ва чандин нафари дигар шоистаи таҳсину ибрат аст.
Рӯйдоди дигари муҳим таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳо бо ҷавонони кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. То имрӯз чандин созишнома ва ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон ба имзо расидаанд.
Эълон гардидани соли 2017 — Соли ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ғамхори ояндасозони миллат мебошад. Дар ҷавоби чунин ғамхорию дастгириҳо насли ҷавон вазифадор аст, ки дар азхудкунии илму технологияҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ барои ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату неруи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш равад.
Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падарону модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд».
Ҷавонон неруи созандаву бунёдкори тамоми давру замонҳо буданд. Онҳо воқеан, пуле маҳсуб мешаванд, ки дар миёни имрӯзу оянда қарор гирифтаанд.
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро барои оянда муайян сохт. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин рукнҳои даврони истиқлолият аст.
Б. ОДИНАЗОДА,
сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон