Ҳамасола санаи 12-уми август дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат тибқи дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб тасмим гирифтааст, ки иқдоми «Ҷавонон — зидди терроризм ва ифротгаройӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон — «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд роҳандозӣ намояд.
Тоҷибой Султонӣ — сармуҳаррири нашрияи бахши вилоятии ҲХДТ дар Суғд зимни шарҳи ин хабар гуфт, ки дар назар аст дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати олимону донишмандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қишрҳои дигари ҷомеа чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» гузаронида шаванд.
Ҳамчунин вобаста ба ин масъала намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон — «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки 10-уми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо ширкати ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони «Терроризм ва ифротгаройиро маҳкум мекунем» мизи мудаввар баргузор намояд. Вай афзуд, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои рӯзафзуни ифротгаройӣ, муайян намудани сабаб ва омилҳое, ки неруи бархе аз ҷавононро ба ин гурӯҳҳои тундрав таҳрик медиҳанд ва инчунин дарёфти роҳҳои нави мубориза бар зидди ин падидаи хатарзо мебошад.
А.САЛИМЗОДА, «Садои мардум»