Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2013 №1503 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқаррарнамудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1986-1995 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қабул гардид.
Мутобиқи фармони мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир мегардад.
Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ гузарондани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони вазорату ташкилотҳои масъул ҷамъомад доир гардид. Дар он иҷрои Фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷиҳати омодагии тайёрии ҳарбӣ ва ба хизмати низомӣ сафарбар намудани ҷавонон, ки синну солашон ба муҳлати даъват расидааст, тадбирҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.
Бо вуҷуди ин, дар ҷамъомад зикр карда шуд, ки дар бисёр ҳолатҳо бо айби кормандони масъули сохтору мақомоти марбута ҷавонон ба қайди омодагии ибтидоии ҳарбӣ гирифта нашуда, ба қонунвайронкунӣ роҳ медиҳанд. Бо ин сабаб бисёр ҷавонон аз муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ берун мемонанд.
Аз комиссияҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулин талаб шуд, ки бо ҷалбу дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо дар муҳлати муқарраргардидаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон чораҳои зарурӣ андешанд. Ба он аҳамият дода шавад, ки ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим даъват гарданд.
Ҳамзамон дар ҷамъомад дигар масъалаҳои марбут ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»