Зиёда аз 50 нафар ҷавонони деҳоти наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои Боткенту Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон дар лагери маърифатӣ бо номи «Сулҳ, амал ва бунёдкорӣ», ки рӯзи 17 августи соли равон дар осоишгоҳи «Шоҳин» ба кор шурӯъ кард, иштирок намуда истодаанд.
Ҷавонон дар курсҳои чорабиниҳои якҷояи фарҳангӣ ва варзишӣ, тайёр намудан ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои хурд дар сатҳи деҳот ва ташкил намудани лоиҳаҳои соҳибкории хурд иштирок хоҳанд кард. Ғайр аз ин, иштирокчиён курсҳои мусоҳибаи расмиро барои такмили маҳорат, ҳалли бенизои баҳсҳо мегузаранд.
Инчунин дар лагер оид ба муҳим будани ҳамкории байналмилалӣ, наздисарҳадӣ ва таҳаммулпазирӣ бо намояндагони миллатҳои гуногун гуфтушунидҳо гузаронида мешаванд.
Барои кор дар лагер омӯзгорони ботаҷриба аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Исфара, Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеку ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон даъват шудаанд.
Лагери мазкур аз тарафи Хазинаи АврОсиёии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани иқтидор дар самти содагардонӣ ва пешгирии низоъҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ»-и Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ташкил карда шудааст.
Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»