Автобусҳои Made in Tajikistan

№99 (4049) 17.08.2019

akiyaya-9Бино ба хабари АМИТ «Ховар», 15 августи соли ҷорӣ бори аввал  ширкати муштараки «Акиа Авесто автоматив индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 10  адад автобуси тамғаи «AKIA»-ро, ки истеҳсоли ватанӣ маҳсуб мешаванд, ба  корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе  барои хизматрасонӣ ба мусофирон  ирсол намуд. Зеро дар назар дошта шудааст, ки корхона марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркашро низ ба роҳ мемонад.

Корхона тибқи фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  то охири  соли равон боз 90 автобуси дигар  истеҳсол ва барои хизматрасонӣ пешкаш менамояд.

Дар мавриди пурра фаъолият намудан  корхона дар як сол то 300 адад автобус истеҳсол хоҳад кард ва шумораи кормандонаш аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба 200 нафар хоҳад расид.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»