Ба наздикӣ нуктаи назари роҳбари созмони «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназароваро нисбат ба суханони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди САҲА хондаму ба хулосае омадам, ки ин бонуи ҳуқуқдон бо ибрози андешаҳои ахираш мавқеи аслии худро дар арсаи сиёсат пурра ошкор намудааст. Акнун бароям маълум шуд, ки чаро ӯ дар интихоботи президентии соли гузашта ҳатто овозҳои лозимиро ба даст оварда натавонистааст. Бобоназарова дар бораи парлумон диди густохонаеро баён кардааст, ки он аз мавқеи шахси сиёсатмадор фарсахҳо фосила дорад. Магар шахси сиёсатпеша, он ҳам олими риштаи ҳуқуқ, дар ҳолати ҷойдошта метавонад гӯяд, ки «агар парлумони мо парлумони демократӣ мебуд, вакилон худ истеъфои Зуҳуровро талаб мекарданд».
Аввалан, суханони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди САҲА аслан на баҳо додани ин созмон буд, балки ӯ дар назар дошт, ки худи аҳзоб низ камтар ба созмонҳои хориҷӣ такя карда, таҳлилу таҳқиқоти худро низ бояд дошта бошанд.
Сониян, дар ҳақиқат, он нафароне, ки аз САҲА муҳофизат мекунанд, магар вазъи имрӯзаи кишвари Украинаро намебинанд, ки ин созмони байналмилалӣ дар ҳодисаҳои Украина чӣ чеҳраеро намоиш дод? Бозиҳои сиёсии САҲА нисбат ба Украина барои тамоми ҷаҳониён аён гашт. Бобоназарова аз чӣ созмоне муҳофизат карда, обруи худро бурдааст? Чӣ мисоли ибратбахшеро дар мавриди САҲА метавонад баён созад?! Дар ин росто, суханони Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба САҲА ҳақ ҳастанду рост!
Мутаассифона, солҳои охир ашхоси манфиатҷӯе, аз қабили Бобоназарова, ки аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ҳам соҳиби сарвату ҳам соҳиби мавқеъият дар ҷомеа гаштаанд, кӯшиш доранд ба сарнавишти кишвари азизамон дахолат намоянд. Маъмулан чунин одамон ду-се косалесони худро низ доранд, ки барои васфи саводу рафторашон ва тақвият дар тафсирҳои шабакаҳои электронии иҷтимоӣ аз онҳо истифода мебаранд.
Бобоназарова ба таври дағалона гуфтааст, ки Зуҳуров танҳо ба хотири нигоҳ доштани курсии худ чунин гуфтааст. Маълум мешавад, ки ин бону суханбоз ҳам будааст. Ин суханон аз забони шахсе садо додаанд, ки худаш соли гузашта барои президент шудан тамоми созмонҳои байналмилалиро, ки ба қадри кофӣ хизматашонро ба ҷо овардааст, ҷалб намуда буд. Талоши курсӣ барои мардум аллакай аз мавқеи Бобоназарова аён аст. Вале Шукурҷон Зуҳуров бошад, аз рӯзе, ки ба арсаи сиёсат қадам гузоштааст, ҳамеша ҳақпарасту ошкорбаён аст, боре ҳам дар ҷое талоши курсӣ кардани ӯ мушоҳида нашудааст.
Кош, Бобоназарова қабл аз суханрониҳояш як бор андеша мекард, ки оё ӯ низ мисли Шукурҷон Зуҳуров барои давлату миллат кори хайре анҷом додааст? Магар фаромӯш мешавад, замоне, ки Шукурҷон Зуҳуров барои баргардондани гурезаҳо ҷон ба каф гирифта, дар майдони талошҳо қарор дошту, Бобоназарова дар пайи ҷамъ кардани долларҳои амрикоӣ буд! Имрӯз бошад, баръакс, мехоҳад аз муҳоҷирони меҳнатӣ истифода бурда, афкори онҳоро тағйир диҳад.
Ниҳоят, барои муаллимаи меҳрубон гуфтаниам, ки мо ин ҳарфи беҷои ӯро иллати синнусолиаш дониста, ба инобат намегирем. Беҳтар он аст, ки бо дастгирии фарзандонаш, ки аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ дар вақташ ба онҳо мавқеи устувор додааст, давлати пирӣ биронад, Худо хоҳад, то ҳафт пушташ мерасад!
Даврон Соҳибназаров