Аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар Балҷувон

№64 (4647) 15.05.2023

БИНО ИСЛОМ (2)Дар ноҳияи Балҷувон иқдомҳои зиёди созандагию ободонӣ амалӣ гардида, аз ҷумла, сохтмони бинои панҷошёнаи хонаи истиқоматӣ бомаром идома дорад.

Тавре аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ин аввалин бинои панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон мебошад.

Сохтмони бинои мазкур соли 2021 оѓоз гардида, ба эъмори он ҶДММ «Ганҷи дарё» машѓул аст. Он аз 42 ҳуҷраи сехонагии васеъ ва барҳаво иборат буда, 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Гуфта шуд, ки дар баробари сохтмони ин иншоот ду бинои сеошёна ва се бинои дуошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтанд.

Алҳол дар 49 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, 200 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

То моҳи апрели соли ҷорӣ 30 иншоот, аз ҷумла корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, маркази савдо ва хизматрасонии «Фарзона», маркази саломатӣ дар деҳаи Охбулоқ, хатти оби нӯшокӣ аз деҳаи Калтачинор ба масофаи 4 километр ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 мавриди истифода қарор гирифтанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»