Автобус баъди гузаштан аз кӯпруки охири деҳа роҳи ағбаро пеш гирифт. Ҳарчанд боло мебаромад, ҳамон қадар суръаташ суст мегашт.
Муҳаррики мошин аз боло баромадан гӯё нолиш мекард. Мусофирон ҳам хомӯш буданд, мисле ки вазнинии роҳи ағбаро бар дӯш дошта бошанд. Мошин хамгаштҳоро «нолишкунон» мегузашт. Ду тарафи роҳ манзараи якхела дошт: кӯҳҳои бегиёҳу урён. Мусофирон ба он берағбат менигаристанд. Ҳамин тавр бо оҳистагӣ мошин ба баландӣ баромада, роҳи ҳамвор намудор шуд. Овози муҳаррик муътадил гашт, мусофирон ҳам гӯё ҷон гирифтанд ва байни худ ба суҳбат даромаданд. Мошин назди бозори шаҳр қарор гирифт. Мусофирон аз он фаромада, ҳар яке пайи кори худ шуданд.
Бобои Ҳаёт ба беморхонаи Қарияи боло омад ва бо суроғ шуъбаи ҷарроҳиро пайдо кард. Бо иҷозати духтур вориди утоқ шуд. Бемор рӯйи кат мехобид. Дар назараш харобу лоғар менамуд, мӯйҳои сараш сафед гашта буданд. Гумон кард, ки иштибоҳан ба утоқи бемори дигар омадааст. Ба ӯ салом дода, рӯйи курсӣ нишаст. Бемор низ ба марди барояш ношинос салом дода, ҳолпурсӣ кард. Прокурор Каримӣ шахси обрӯманд буд. Бемории ӯро шунида, одамони зиёде ба аёдаташ меомаданд, ки на ҳамаи онҳоро мешинохт. Гумон кард, ки ин мӯйсафед ҳам яке аз онҳост. Аз нигоҳи саволомези Каримӣ мӯйсафед фаҳмид, ки ӯро намешиносад.
-Шумо маро намешиносед? -ба гап даромад мӯйсафед. -Дар ин солҳои зиёд дигар шудаед. Қариб намешинохтам. Маро барои гуноҳам даҳ сол ҷазо дода будед, онро адо карда омадам.
-Акнун омадаед, ки ба ҳоли мани бемори пойшикаста хандеду гӯед, ки ҳукм беадолатона буд?- гуфт прокурор Каримӣ.
-Баръакс, барои миннатдорӣ омадаам, на маломати шумо.
-Чӣ хел? Магар даҳ соли ҷазо кам аст?
-Албатта, ин муҳлат кам нест, аммо гуноҳи ман ҳам вазнин буд. Он сол шумо прокурори ноҳияи Баҳористон будед. Ман ҳамон нафарам, ки занамро кушта будаму худам омада, хабар додам. Парвандаи маро баррасӣ намудед ва ҷазои додаатон дар суд бетағйир монд.
Аз он муддат солҳои зиёд гузашта, прокурор Каримӣ ҷойи хизматашро иваз намуда буд. Аммо нақли мӯйсафед, ки он давра марди 40 – 45- сола буд, ҷинояти содиркардаи ӯро ба хотир овард.
***
Ба прокурор Каримӣ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар доданд, ки марде омада, ба ҷинояти кардааш иқрор аст.
Прокурор бо гурӯҳи фаврӣ ба деҳаи Девлох ба ҷойи ҳодиса омад. Назди хона чанде аз ҳамсояҳо гирд омада буданд. Ду кӯдаки хурдсол бо гиря тарафи ошхона ишора доштанд. Онҳо ба хона даромада, ҳолати ногуворро мушоҳида карданд.
Зани нимбараҳна оғуштаи хун мехобид. Баъди санҷишу хулосаи тиббӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Бо қотил пурсиш мегузаронд, сабаби ба ҷинояти вазнин даст заданашро аниқ мекард. Таҳлили воқеаи нохуш чандон душворӣ надошт. Қотил ба ҳамаааш иқрор аст. Баъди қатли занаш ба ҷое фирор накардааст. Ҳолати воқеа маълум, вале он мебоист дақиқ дар парванда сабт мешуд. Дар суд ба амали ҷиноӣ аз рӯйи ҳамин далелҳо ва иқрори гумонбар баҳо медиҳанд.
Баъди тафтиш, пурсиши судшаванда, суҳбат бо мардуми деҳа прокурор парвандаро омода намуд ва барои баррасӣ ба суд ирсол кард. Мурофиаи судӣ чандон тӯл накашид. Ҳаётро барои ин ҷинояташ даҳ сол ҳукм ба зиндон карданд.
***
Мардуми деҳаи Девлох аз оби ҷӯйбор, ки онро ду тақсим мекард, истифода мебурданд. Таъмини об барои киштукор душворӣ пеш меовард. Бо навбат истифода бурдани он ҳам боиси ҷанҷолу кашмакаш мегашт. Сабаб риоя накардани навбат. Баъзан шабона ҳам якдигарро назорат мекарданд, мабодо обро «надузданд».
Ҳаёт ҳам дар заминаш пиёз кошта буд. Барои неш задани пиёз оби дуюм зарур буд. Обро ба ҷӯякҳо сар дода, хост каме дам гирад. Аз гармии рӯз ё мондагии кор ӯро хоб мебарад. Бо бедор шудан киштро хабар гирифт. Об ба нисфи ҷӯякҳо нарафта, хушк шуда буд. Назди ҷӯйбор омада дид, ки саргаҳро касе бо лой маҳкам кардааст. Боло рафта, хост фаҳмад, ки кори кӣ бошад. Охир, имрӯз обгирӣ навбати ӯст. Дид, ки оби зиёд ба ҳавлии Қодир ҷорист. Медонист, ки вай дирӯз навбати об дошт. Аз назди дарвоза Қодирро садо кард. Баъди чанде каланд дар даст Қодир берун баромад. Ҳаёт хост фаҳмонад, ки чаро навбатро риоя намекунад.
Қодир ҷавоб медиҳад, ки заминаш пурра об нахӯрдааст. Ҳаёт ҳам чунин мегӯяд. Агар имрӯз обро нагирад, фардо навбати дигарон мешавад. Ин сабаб гашт, ки миёни ҳар ду ҷанҷол бархезад. Қодир сари қаҳр мегӯяд, ки занатро роҳбарӣ карда наметавонию ба сари ман зӯрӣ мекунӣ. Рав, зӯриатро дар хонаат нишон деҳ.
Ин суханони нешдори Қодир синаи ӯро гӯё сӯрох карда гузашт. Беҳуда нагуфтаанд, ки неши сухан аз тири камон сӯзонтар аст. Бо сари хам каландро кашолакунон ба хонааш омад. «Занатро роҳбарӣ карда наметавонӣ…»- садо медоданд гӯшҳояш.
Ҳаёт зиндагии миёна дошту ба корубори худаш банд. Солҳои зиёд обмони пахтаи колхоз буд. Аз кори вазнини колхоз ва рӯзгор ӯ ба бемории тарбод гирифтор гашта, чанд сол аст, ки аз он азият мекашад. Ҳамин ташвишҳои зиндагӣ буд, ки қариб бо ҳамдеҳагонаш рафтуо надошт. Ин таънаи Қодир боз як зарба ба ӯ шуд. Фаҳмид, ки Қодир беҳуда ин гапро нагуфт. «То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад»,- гуфтаи мардум ҷон дорад. Ин ҷо сирре ҳаст, ки шояд бисёрӣ донаду аммо ӯ не. «Месанҷам, агар Қодир буҳтон карда бошад, бо ҳамин каланд сарашро майда –майда мекунам. Агар рост бошад?» Ҳаёт беихтиёр дар сутуни айвон такя зад. Дар хона ӯ танҳо буд. Бегоҳӣ зану фарзандонаш аз хонаи падару модараш аз деҳаи ҳамсоя бояд меомаданд.
Хобу хӯрок барои Ҳаёт ҳаром гашта буд. Вонамуд мекард, то авзояшро занаш нафаҳмад. Бисёр шабҳо худашро ба хоб меандохт, то фаҳмад, ки занаш дар ҷойгоҳ ҳаст ё не. Аммо ғайричашмдошти ӯ занаш паҳлуи фарзандаш мехобид. Ба худ Қодирро дашном дода, шайтон мехонд. Беҳуда аз занаш рашк дорад.
Боре ними шаб аз хоб бедор шуд. Кӯдаконаш масти хоб буданд, аммо занашро надид. Оҳиста дари хонаи дарунро кушод, касе нест. Ба тарафи ошхона рафт. Аз назди дегдон палмосида, табарро ба даст гирифт. Баъди ҳезум шикастан одатан табарро ин ҷо мегузошт. Ягона ҷойи надидаи ӯ ошхона буд. Ба дар наздик шуд. Оҳиста гӯш дод. Садои паст ба гӯшаш расид ва яқин донист, ки инҷоянд. Шаб маҳтобӣ бошад ҳам, дарун торик буд. Оҳиста баргашта, аз назди тирезаи хонаи хоб чароғи дастиро гирифт. Шабона ҳангоми кӯдаконро ба берун баровардан бо он ҳавлиро рӯшан мекард.
Ба ошхона расида, дарро кушода, чароғро даргиронд. Аз равшании ногаҳонӣ онҳо «воҳ»- гӯён аз ҳам ҷудо шуданд. Мард шиму куртаашро гирифта, тирвор аз зери дасти Ҳаёт ба берун гурехт. Ҳаёт ҳатто имкон наёфт, то кӣ будани мардро фаҳмад. Ин муҳим набуд, занашро ними шаб бо марди бегона дидан магар басанда нест? Занаш лолу карахт дар кунҷи ошхона нишаст. Ҳаёт, ки вуҷудаш меларзид, ҳарфе нагуфта, бо табар ба сари занаш фаровард. Аз зарби аввал занаш фарёд кашид, зарбаҳо такрор ёфтанд, зан дигар овоз набаровард. Аз қаҳру ғазаб чӣ қадар зарба заданашро дар хотир надошт. Баъди ба худ омадан дид, ки занаш оғӯштаи хун асту беҳаракат мехобад. Акнун фаҳмид, ки ӯ чӣ кор кардааст. Занро ба ҳоли худ монда, бо табари хунолуд аз ошхона берун шуд. Табарро бо карбос печонда, роҳи маркази ноҳияро пеш гирифт. Субҳ надамида, ба марказ расида, рост ба милитсия омад.
Ба навбатдор гуфт, ки ӯро маҳкам кунанд, зеро одам куштааст. Навбатдор ҳамроҳашро даъват карда, ӯро девона ё камақл гумон карда, хеле хандиданд. Охир, кӣ одам мекушаду омада иқрор мешавад, ки ӯро боздошт кунанд? Киссабур дуздиашро ба гардан намегирад, ин бошад, аз одамкушӣ афсона мехонад… Аммо карбосро кушода, табари хунолудро нишон додани Ҳаёт милитсионерҳоро ба худ овард. Онҳо ӯро паси панҷара маҳкам карда, ҳамоно ба сардорашон занг зада, хабар доданд.
***
Прокурор Каримӣ аз ду кӯдаки хурдсол доштани Ҳаёт бохабар буд. Ҳоли онҳо чӣ тавр бошад? Баъди баровардани ҳукми суд ӯ якҷоя бо нозири минтақавӣ ба деҳаи Девлох омад, то донад, ки кӯдаконро кӣ ба тарбия гирифтааст. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки кӯдакон бепарастор мондаанд. Баъди ин фоҷеа падару модар ва хешу табори марду зан ба ҳам дар ихтилофу ҷанҷол буданд. Як ҷониб мардро одамкуш мегуфту тарафи дигар занро бо сабукпоиаш айбдор мекард. Агар зан хиёнат намекард, мард ӯро намекушт. Дар ин миён кӯдакон сарсону саргардон, бесоҳиб монда буданд.
Прокурор Каримиро ба ҳоли бади кӯдакон раҳмаш омад. Бо кумаки ӯ кӯдаконро ба интернат супурданд. Аз раиси колхоз хоҳиш кард, ки нафареро барои нигоҳубини хонаи Ҳаёт вобаста кунад. Хонаи бе ин ҳам вайронгаштаи Ҳаёт набояд вайронтар шавад. Замин, боғи хонаи Ҳаёт васеъ буд. Ӯ марди меҳнатдӯст буд ва хонаю дари обод дошт. Аз дидани боғаш ҳаваси кас меомад. Муҳлати кор дар ин ноҳия ба охир мерасаду Каримиро ба ҷойи дигар мефиристанд. Дигар имкон наёфт, донад, ки ҳоли он кӯдакон чӣ шуд?
***
Ҳоло айбдоркунандаи давлатӣ бо собиқ айбдоршаванда баъди солҳои зиёд рӯ ба рӯ нишастаанд. Лаҳзаҳои гузаштаро ба хотир меоварданд. Каримӣ аз Ҳаёт чӣ тавр адо намудани ҳукми ҷазоро намепурсид. Нахост гузаштаи вазнинашро ба хотир орад. Лаҳзаи хушнудкунанда надошт зиндагии Ҳаёт. Хиёнати зан, куштор, зиндон.
Аз ин хотир, Каримӣ ҳолу аҳволи имрӯзаашро пурсон шуд. Ҳаёт баъди адои ҳукм ба деҳа бармегардад. Кумакҳои Каримиро ба ӯ нақл мекунанд. Аз хонаи обод ва мактабхонии фарзандонаш хурсанд мешавад.
Акнун омадааст, ки ба прокурор Каримӣ миннатдорӣ кунад.
-Ин себҳои боғамон. Агар онро як сол ба ҳолаш гузорӣ, аз ҳосил мемонад. Хайрият хонаю боғро бо мадади шумо обод нигоҳ доштанд. Савғо аз ману фарзандонам, чашида бинед, хеле ширинанд, -Каримиро таклиф мекард ва дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»