Эстония. Ғалабаи ҳизби ислоҳот дар интихоботи парламентӣ
Дар интихоботи парламентие, ки якшанбеи гузашта дар Эстония баргузор гардид, ҳизби мухолифи ислоҳот пешсаф гардид. Аз 101 ҷой 34 мандати вакилӣ насиби он шуд.
Ислоҳотчиён дар барномаи пешазинтихобӣ масъалаҳои тағйир додани сиёсати андоз, идома бахшидани сиёсати ҷиддии муносибати шаҳрвандӣ ва ба роҳ мондани омӯзиш ба забони эстонӣ дар боғчаҳои кӯдакона ва мактабҳои русиро ворид карда буданд.
Ҳизби ҳоким аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҷойи дуюм қарор гирифт ва соҳиби 26 мандат гардид. Ҳизби халқии консервативӣ 19 мандат ба даст овард.
Россия. Муҷозот нисбат ба ронандагон сангинтар мешавад
Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия барои пешбинии муҷозоти сахт ба онҳое, ки боиси ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мешаванд, чанд пешниҳод карданд.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки мошини ронандае, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ дода, сабабгори садамаи нақлиётӣ мегардад, мусодира шавад.
Муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба назорат ва реклама Олег Нилов иброз дошт, ки аз ҳисоби маблағи фурӯши мошини шахси гунаҳкор бояд зарари ба мошини дигар расондааш ҷуброн карда шавад. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки агар ронандаи айбдор аз ҷойи ҳодиса ғайб занад, бояд мисли ронандаи сархуш сахт муҷозот шавад. Барои ин қонуншиканӣ ва ё ҷиноят ба муҳлати то 9 сол ҳабс пешбинӣ мешавад.
Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи анҷоми ҷанг дар Афғонистон
Ду сенатори амрикоӣ — Рэнд Пол ва Том Юдалл лоиҳаи қонунро дар бораи анҷоми ҷанг дар Афғонистон таҳия карданд, — иттилоъ медиҳад Агентии «Новостӣ». Вакилони парламенти Амрико ҳузури кишварашонро дар Афғонистон «ҷанги аз ҳама дурудароз» гуфтаанд.
Охири моҳи январ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ҳам роҷеъ ба омодагӣ ҷиҳати баровардани ҳарбиёни амрикоӣ аз Афғонистон ибрози назар карда буд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»