«Дар робита ба ин масъала, бори дигар шумо – зиёиён ва олимони кишварро даъват мекунам, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми «забони тоҷикӣ» бетараф набошед ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоед. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед»
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар дунё кам халқияте вуҷуд дорад, ки тасмияи (исми) миллати онҳо дар давраҳои гуногуни тамаддуни таърихӣ дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқони зистшинос ва мардумшиноси хориҷӣ қарор гирифта бошад. Хабарнигорамон перомуни ин масъала, этимология ва сайри таърихии вожаи «тоҷик» бо шоир ва муҳаққиқи соҳаи забон Муҳтарам Ҳотам ҳамсуҳбат шуд.
- Дар бораи этимология ва раванди шаклгирии калимаи «тоҷик» чӣ назар доред?
- Аксар вақт бо гузашти ҳазорсолаҳо ваҷҳи тасмияи ин ё он миллат фаромӯш мешавад ё зери ҷанги таърих мемонад. Шояд ҳеҷ миллати дигар ҷабри таърихро накашида бошад, магар миллати тоҷик.
Қисмати зиёди сарзамини ниёгони мо аз Хутан ва кӯли Балхаш то баҳри Каспий (дар «Авесто» — Пудиг) ғасб шуданд. Бисёр арзишҳои милливу таърихии ниёгони моро таҳрифгарони таърих аз они худ карданд.
Вожаи «тоҷик» ва маънои луғавии он солҳост, ки аз ҷониби донишмандони таърихи забон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Оид ба этимологияи ин вожа бисёр навиштаанд, вале воқеияти маъноии ин вожаро то кунун пурра ошкор карда натавонистаанд. Дар муқобили нашри сершумори қомусу фарҳангҳои асримиёнагӣ, ки вожаи «тоҷик»-ро аз «тозӣ»-и арабӣ қаламдод кардаанд, баҳсҳо зиёданд. Тибқи навиштаҳои адабиёти Тибети қадим, дар самти шимолу ғарбии Тибет кишваре бо номи Тоҷик вуҷуд доштааст, ки аз чаҳор як ҳиссаи дунёи ҳамон замон маълумро дар бар мегирифт. Нажоди аслии кишвари Тоҷикро нажоди шоҳони Осиёи Миёна ташкил медодаанд. Мавҷудияти тоҷ дар таркиби мафҳуми dmu-thag вожаи тҳаг (таг-тог-тоҷ) зикр шудааст, ки ин вожа баъдҳо ба шакли «тоҷ» зоҳир гардида, асоси вожаи «тоҷик»-ро ташкил додааст. Олимон мавҷудияти ин кишварро пеш аз Зардушт ва дини буддоӣ гуфтаанд. Яъне, тоҷ ва кишвари Тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Истилоҳи «забони тагзикӣ» (тоҷикӣ) дар асри VI то мелод дар Тибет вуҷуд доштааст. Ба хотири он сарзамин вилояте дар Тибет - Тагзик ном дошта, тибетиён фарзандони худро Тагзик номгузорӣ менамоянд.
- Баъзе муҳаққиқон сарманшаи ин вожаро ба «тозӣ»-и арабӣ мансуб медонанд.
- Масъалаи чӣ гуна ба «тозӣ»-и арабӣ мансуб шудани вожаи «тоҷик» дар таърих асрорангез аст. Агарчи аксари фарҳангҳои асримиёнагӣ тоҷикро тозии араб, баъзан турк, араби дар Аҷам таваллудшуда ва ғайра номида бошанд ҳам, ҳеҷ кадоме сабаб ва далели равшани ин иддаоро наовардааст. Ҳамин назари норавшани ба «тозӣ» гуморидани «тоҷик» сабаб шуд, ки тоҷикони Аҷам баъд аз истилои арабҳо оҳиста — оҳиста аз мансубияти қавмии худ ҳазар намуданд. Бо ин сабаб номи тоҷик дар сарзамини Аҷам ва берун аз он аз нуфуз бозмонд, зеро дар асарҳо ва фарҳангҳои даврони Сосониён нисбат ба арабҳо ҳамчун қавми дур аз фарҳангу одоб ишораҳои зиёд вуҷуд дошт. Албатта, равшан кардани сабабҳои ин гирифтории беасоси вожаи «тоҷик» ва мансубияти он ба «тозӣ»- и арабӣ пажӯҳиши бунёдиро тақозо мекунад. Дар миёни қавму қабилаҳои сершумори арабӣ ҳеҷ қавме тозию тозик ном надошт, ки гӯем тоҷик аз номи он қавм тасмия шудааст. Дуруст аст, ки дар даврони хеле қадим ориёиҳо бо номҳои «тозик», «тагзик» ва ғайра аз сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна ба Осиёи Пеш муҳоҷират карда, ин номро бо худ ба он минтақаҳо бурда буданд. Ҳоло дар Осиёи Пеш бисёр ҷойномҳо ва дар забони арабӣ бисёр вожаҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки маъно ва аслияти ориёӣ доранд. Дар таърихи халқи арман ва Сурия дар бораи мавҷудияти вожаи «тоҷик» дар асрҳои аввали мелодӣ бисёр ишораҳо ҷой дорад, ки бозмондаи ҳамон муҳоҷирати ориёиҳост. Бисёр сарчашмаҳои тибетӣ, хитойӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва дигар халқҳо собит менамоянд, ки вожаи «тоҷик» бо овонавиштҳои гуногун хеле пеш аз истилои арабҳо дар Осиёи Миёна роиҷ будааст.
Мувофиқи тазаккуроти адабиёти хитойӣ, дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамҷавори он кишваре бо номи Тяочжи будааст, ки ин ном ҳамон кишвари дар адабиёти тибетӣ зикршудаи Тоҷик аст. Дар адабиёти хитойӣ то истилои арабҳо вожаҳои «Тоҷак», «даши», «тиаоджи» ва ғайра нисбат ба номи тоҷик корбурд шудаанд, ки аз қадимияти ин вожа дарак медиҳанд
Вожаи «тоҷик» дар забон ва адабиёти санскрит ба шакли tajika зикр шудааст. Масалан, дар адабиёти мазкур шаҳре бо номи Таҷовати вуҷуд доштааст. Тибқи сангнавиштаи соли 624 мелодӣ, дар Яковланги Бомиёни Афғонистон шакли Tazigo (Тазиго) ҳамчун вожаи «тоҷик» ифода гардидааст. Ин далелҳоро танҳо нафаре рад мекунад, ки дар дил нисбат ба вожаи «тоҷик» ғаразе дошта бошад.
Шакли тоҷ ба бисёр забонҳои дигар низ ба маънои аслиаш тоҷ, авранг ва ғайра роҳ ёфта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, суриягиҳо онро «того», арабҳо «тиҷан», дар сарчашмаҳои арманӣ ба шакли аввалияаш наздик – тагҳ вуҷуд дошт ва аз ин ҷост, ки таркиби тоҷвар ба шакли таговар ифода гардид. Бо назардошти ин ҳама, зистшиноси машҳури рус Н. В. Хаников хулоса мекунад, ки: «Вожаи тоҷик вожаи хеле қадимии эронист».
- Қавме дар пажӯҳиши муҳаққиқон бо номи «дойдик» низ ифода мегардад…
- Яке аз номҳои қавмие, ки он низ хеле қадим буда, дар атрофи он баҳсҳои зиёд доир гардидааст, «додик», «дойдик» мебошад. Ин ном низ дар баробари дигар номҳои ориёӣ дар китоби «Таърих»-и Ҳеродот зикр гардида, яке аз гунаҳои номи тоҷик қаламдод мешавад. Аксар донишмандон номи «додик»-ро ба махраҷи «тоҷик» марбут донистаанд, ки ҳақ бар ҷониби онҳост. Ҳеродот дар китобаш (1, 6) дар баробари «додик»-ҳо аз тоифаи сакоиҳо бо номи парадатҳо ёдовар мешавад, ки бешубҳа, онҳо низ дойдикҳоянд. Стагитҳое, ки Ҳеродот овардааст, бо номи стагзик дар адабиёти тибетӣ хеле наздик аст. Аз ин ҷо маъно ва асоси лақаби Рустами Достон «сагзӣ» ошкор мегардад, ки бешубҳа, ихтисоршудаи «стагит» ва «стагзик» аст.
- Ин вожа дар китоби «Авесто» чӣ гуна корбурд шудааст?
- Дар «Авесто» кишвари шонздаҳуми Аҳуроофарида Упа Аудешу Аранг — сарзамини Тозиён гуфта шудааст. Нишонаи асосии ин сарзамин «зимистони девофарида», яъне қаҳратун аст ва бешубҳа, Тозиён шакли дигари тағйирёфтаи «тоҷик» аст. Тибқи маълумоти адабиёти авестоӣ, дар маркази кишвари ориёҳо — Ориёно дарёчае ҷорист, ки Дойити ё Дойитиои наку ном дорад, ки маҳсули сабзиш ва густариши ҳамон реша аст. Яъне, боз ҳам ҳамон решаи тҳаг ё дат дар шакли дайт ё доити дар номи рӯди Доитиё ифода гардидааст. Дар таҳрирҳои баъдии адабиёти ориёӣ, «Авесто», «Бундаҳишн» ва ғайра, боз ҳам, мутаассифона номи тозӣ ва Тозиёнро ба арабҳо мансуб донистанд, ки аз воқеияти таърихӣ дур аст.
Аз ин далелу қаринаҳо ба натиҷае расидан мумкин аст, ки бунёди ин вожа дар ҳудуди чанд ҳазора гузошта шудааст ва онро ҳеҷ мумкин нест, ғайри номи этникиаш ном бурд. Дар маҷмӯъ, такя ба маъхазҳои собитшуда дар ҳар сурат махраҷи ин вожа, ки табиати топонимӣ (рӯд ва маҳал) ва этникӣ (қавм ва тоифа) гирифта, моҳияти ҷуғрофӣ пайдо кардааст, аз форс қадимияти дуртар дорад.
- Аввалин мушаххасоти ин вожа баъди таҳаввулоти охирини фонемавӣ ба сурати «тоҷик» дар адабиёти навишторӣ кай мавриди истифода қарор гирифтааст?
- Мусаллам аст, ки тӯли ҳазорсолаи охир соҳибони ин забонро зиёда аз сад шоиру мутафаккир бо сесад далел дар ашъорашон ёдовар шуда, онро бештар дар қиёс, рақобат, тафовут, ҳамгунӣ, рафтору кирдор, муошират, урфу одати динӣ, ахлоқу одоб, этногенез ва дигар хусусияту хосияти қавмиаш аз турку муғулу арабу тотор васф кардаанд.
Мувофиқи тадқиқоти муҳаққиқон, аввалин мушаххасоти ин вожа дар шакли комил ҳазор сол қабл дар «Девони Унсурии Балхӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст:
Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,
Зи турку тоҷик, аз туркмону ғузу хазар.
(Унсурӣ, Девон, с. 134).
Минбаъд даҳҳо шоири бузурги дигарамон аз номи тоҷик ёдоварӣ кардаанд.
- Чаро форсӣ номгузорӣ кардани забони давлатии як кишвари мустақил дар дохилу хориҷ зеҳнҳоро машғул кард?
- Онҳо даъвои «Мо иронӣ ҳастем ва забони мо форсист»-ро доранд. Андешаварон аз ин ончунон мутаассир шудаанд, ки ба унвони парлумони Тоҷикистон нома навиштанд.
Шояд ҳадафашон дар баробари дигар форсизабонон соҳиб шудан ба мероси ҳазорсолаи ниёкони бузург бошад, аммо бо забони тоҷикӣ низ мо имкон дорем, худро ворисони мустақими ин меросу ин бузургон шуморем. Чунин ҳол дар кишварҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Агар фикру андешаи онҳоро меъёри таърихӣ қабул кунем, пас забони давлатии кишварҳои дигарро, чӣ гуна бояд номгузорӣ кард? Агар мо ба ин андеша бошем, равшанфикрону андешаварони турку озарбойҷонӣ ва русу украину беларус дар мавриди забони давлатиашон ба кадом бовар бошанд? Қавмҳое аз славянҳои шарқӣ муттаҳид гардида, боиси ташаккули миллати беларус шуданд ва баъди истиқлолияти сиёсӣ ба даст овардан забони давлатиашонро беларусӣ номгузорӣ карданд, на славянӣ. Озариву турк як миллатанд, вале бо ду ному ду давлат арзи ҳастӣ мекунанд. Озариҳо забонашонро ба номи миллаташон муаррифӣ мекунанд, на бо номи нажодашон. Дар Ҳиндустон ба забони санскрит он қадар адабиёт вуҷуд дорад, ки дар ҳеҷ халқи дигаре мавҷуд нест. Вале ҳиндуҳо забони худро ҳиндӣ мегӯянд, на санскрит.
- Доир ба таърихи инкишофи забонҳо аз лиҳози қавмшиносӣ чӣ андеша доред?
- Забонҳо ҳамеша дар табодуланд. Тибқи тадқиқоти сотсиолингвистӣ забон қонуниятҳои дохилии худро дорад. Дар таърихи инкишофи ҷомеа чандин забонҳо ба нокомиҳои таърих тоб наоварда, аз байн мераванд ва забонҳои дигар пайдо шуда, мустақилият пайдо мекунанд. Масалан, забони эломӣ ҷойи худро ба паҳлавӣ дод. Дар тӯли таърих ҳар халқу ҳар қавме салтанат месохт, забони дилхоҳи қавму халқи марзу бумашро ҳамчун забони расмӣ ба номи он унвон мекард. Дар аҳди Сосониҳо забони дарӣ фаъол шуд ва ҷойи забони паҳлавиро гирифт. Мо чаро ин корро накунем? Ҳеҷ ҷойи хатою ҳайрат нест. Ҳол он ки забони тоҷикӣ забони гуфтугӯии як қавми алоҳида буда, бо роҳи табиӣ инкишоф ёфта, ба забони комил табдил ёфт.
Сайёҳи испонӣ Кловиху аз Костилия баъди боздид аз дарбори Амир Темур менависад: «- Чун ба шаҳри Андхуд, воқеъ дар панҷоҳкилометрии Ҷайҳун дар иёлати Балхи қадим ворид шудем, ба марзи Эрон (Хуросони Бузург), ба кишвари Тоҷик расидем, ки забони мардумашон бо забони форсии маъмулӣ тафовут дорад». (соли 805-808 ҳ.) Ин мусофир дар он даврон аз мавҷудияти забони тоҷикӣ тазаккур додааст.
- Ин як навъ «сенария»-и солҳои 20 ва 30-юми қарни гузаштаро пеши рӯ меоварад?
- Ҳоло баъзеҳо чунин назари ғалат доранд, ки агар инқилоби болшевикҳо намебуд, тамоми қаламрави аморати Бухоро давлати ояндаи тоҷиконро ташкил медод. Онҳо тақдири хоразмиҳову сортҳо ва тоҷикони дигар маҳалҳо, инчунин тоҷикони Афғонистонро фаромӯш мекунанд. Соли 1924 ҳамагӣ чанд тан, аз ҷумла Нусратулло Махсум, номи тоҷикро ҳамчун номи миллати дорои давлат, таърих ва фарҳанги қадим муаррифӣ намуда, дар номаҳояшон ба номи Сталин зикр карданд. Тавре маълум аст, бо «забони форсӣ» дар соли 1924 ва баъд соли 1929 дар ҳеҷ сурат ҷумҳурии мухтор ва ҷумҳурии мустақили тоҷиконро таъсис додан имкон надошт. Бадхоҳони дохилию хориҷӣ бо шубҳаи бо ҳамзабонони худ пайвастани тоҷикон садди роҳи ташкили давлати тоҷикон мешуданд. Такрор мекунам, ки танҳо забони тоҷикӣ имкон дод, ки давлати тоҷикон ташкил карда шавад. Мо бояд нисбат ба ин масъала андешаи солим дошта бошем. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ танҳо ҳамин номи «тоҷик» буд, ки тавонист сабабгори эҳёи давлат ва миллати тоҷик гардад. Ин ном миллату давлатро ба по бардошт, моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, дастгир ва омили асосии рушду нумӯи миллату давлат гардид. Ин забон барои мо «забони модарӣ» унвон гирифт, аз гаҳвора то гӯр ниёгони моро ҳамроҳӣ кард. Оё имрӯз аз он бо хунсардӣ даст кашидан камоли носипосӣ ва ҳақношиносӣ нест?
Ман дар чандин асарҳоям, аз ҷумла дар «Эрони гумшуда», собит намудаам, ки Эрони бостон, яъне ҷойгоҳи давлатдории сулолаҳои Пешдодиёну Каёниён, сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна будаанд. Номҳои Ориёно, Порс, Зобул, Бағдод, Исфаҳон ва як силсила номҳои дигар нахуст дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон ва воқеъ буда, баъди муҳоҷирати ориёиҳо дар минтақаҳои ғарбӣ дубора номгузорӣ гардиданд. Яъне, ҳам номи Эрон ва ҳам номи Порс номҳои эҷодшудаи ин минтақа ва ин мардуманд. Порс дар замони худ як қисмати сарзамин ва кишвареро ташкил медод, ки номаш Тоҷик ва забонаш тоҷикӣ дониста мешуд. Яъне, Порсу Эрон барои мо бегона нест, вале баъди ин қадар хидматҳои арзишманд дар ташаккули сохти давлатдорӣ ва миллат аз баҳри забони тоҷикӣ баромадан камоли ноинсофӣ ва қадрношиносист. Дар гузашта забони китобиамон форсӣ ва забони халқиамон тоҷикӣ ном дошт. Акнун тақрибан сад сол аст, ки ин ҳар ду бахш тоҷикӣ хонда мешавад.
Аммо ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки мо бояд тамоман аз забони форсӣ даст кашем. Ин забон ҳамчун забони адабиёту фарҳанги таърихиамон, ҳамчун забон дар муоширати форсизабонони дунё ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
- Аз нигоҳи шумо забони тоҷикӣ имрӯз дар ҷаҳон чӣ маъруфият дорад?
- Шоистаи зикр аст, ки дар Москва барои тадриси забони тоҷикӣ русҳо дастури таълимӣ (Л. Семёнова) навиштаанд, дар Машҳад ва Исроил барномаи махсуси радиои тоҷикиро пахш мекунанд, дар факултетҳои шарқшиносии Донишгоҳҳои Ғарб ба ин забон дарс мегӯянд, доктор Ёҳақӣ дар Эрон таълим ва таҳқиқи адабиёти муосири тоҷикро дар дарси «Таърихи адабиёти муосири форсӣ» зарур мешуморад. «Дар Шарқ ширинтар аз забони тоҷикӣ забоне нест, он шири софест, ки аз синаи таърих мешорад», — мегӯяд бузургтарин нависанда ва драматурги ирландитабор Бернард Шоу.
Моро ҷаҳон бо ин забон шинохт, ба ин забон мақоми давлатӣ додем. Пас чаро забонамонро форсӣ гӯем? Бар асоси ин забон ҳувияти миллии халқамон дар ҳоли ташаккул ёфтан аст. Рушд ва инкишофи ҳар як забон воқеияти таърихӣ аст. Ҳол он ки зарурати таърихӣ метавонад, воқеияти таърихӣ набошад, вале истилоҳи «забони тоҷикӣ» воқеияти таърихӣ аст.
- Оё инкори забон инкори халқият нест?
- Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ мазмун ва моҳияти нав пайдо кард ва маъруфтар гардид. 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон шуд, ки ин забон ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузорию муошират эътироф шуд. Он рӯҳияи миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии мардуми Тоҷикистонро инъикос мекунад.
Зарурати мусоиди таърихӣ пайдо гардид, ки мо ин забонро ҳифз кунем. Чӣ тавр метавон ин забонро, ки дар заминаи аҳди шӯравӣ, ҳамчун забони илму фарҳанги ҳамин миллат инкишоф ёфта, нуфузи зиёдтаре пайдо кард, инкор кунем? Инкори забон инкори халқият аст.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ки муаррифгари ин кишвари соҳибистиқлол мебошад, чун истиқлолияти давлатӣ эҳдои худовандӣ ва амри табиист. Мафҳуме, ки дар таркиби ин вожа маҳфуз аст, ошкор гардид. Мо худро дар сурати худ барои шиносонидан тайёр кардем ва онро ҳамчун унсури асосӣ барои миллатсозӣ истифода бурдем. Ҷаҳони сипос ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки намегузоранд, касе ба ин забон бунбаст эҷод карда, онро аз инкишофи табиӣ боздорад.
Раванди ҷаҳонишавӣ моро водор мекунад, ки ба ҳифзи ин сарвати арзишманди маънавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Аз ёддошти раиси Анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса Масъуди Миршоҳӣ ёдовар шудан бамаврид аст: — «Дар маҷаллаи фаронсавие дар мавзӯи онкология мақолае ба чоп расонидам. Як — ду рӯз пас шахсе омада, маро ба дафтари кориаш бурд ва аз маъхази ду вожаи мақола суол кард. Гуфтам: -Маъхаз аз як маҷаллаи инглисист. «Агар як бори дигар ин кор такрор ёбад, гила аз худ кунед», — бо лаҳни монанд ба таҳдид ба забон овард сарвари дафтар ва илова кард: — Ин забон соҳиб дорад. Ба ҳеҷ кас изн намедиҳем чунин худсарию беҳурматӣ кунад, нисбат ба забони мо». Он ҷо, ки маро бурда буданд, як бахши идораи амнияти Фаронса, масъул ба ҳифзи забони фаронсавӣ будааст.
Моро низ зарур аст, ки бахши масъул ба ҳифзи забони тоҷикӣ дар мақомоти амнияти миллӣ таъсис дода шавад. Ин забон ваҳдату ягонагии моро таъмин кард. Мо онро минбарию ҷаҳонӣ кардем. Ҳазорҳо китоб ба ин забон навиштем. Садҳо олимони ватанию хориҷӣ дар бораи ҷузъиёти забони тоҷикӣ рисолаи илмӣ дифоъ карданд ва аз ҳама муҳим, мо имрӯз дар харитаи лингвистии ҷаҳон мавқеи хос пайдо кардем. Бо ин забон мо сулҳу ваҳдату осоиштагӣ овардем, ки аз ин дида барои мо шарафи бузургтаре нест. Ҳеҷ як халқ шуҳрати ёфтаашро бо дасти худ барбод намедиҳад ва фарзанди ба машаққат парвардаи худро қурбон намекунад.
Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд» силаи обдор ба «таъкиднома» аст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»