Соли 2022 барои сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Балҷувон хотирмон буд. Соҳибкорони ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногунро ба истифода супориданд ва дар боқимонда иншоотҳои сохташаванда корҳо идома доранд. Суҳбати мо бо раиси ноҳия Бахтиёр Сафарзода дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.
- Дастовардҳои ноҳия дар соли 2022 чӣ гуна буд?
- Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 121 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 12 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ба буҷет 15 миллиону 658 ҳазору 440 сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети ноҳия 15 миллиону 767 ҳазору 976 сомонӣ субвенсия ворид гардид, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 323 миллиону 454 ҳазору 700 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 4 миллиону 914 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад. Соли сипаришуда кишоварзони ноҳия дар 3625 гектар ғалладонагӣ бо лӯбиёгиҳо ва дар майдони 248,4 гектар картошка кишт намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 27 ҳазору 420 сар чорвои калон, 50 ҳазору 221 сар моли майда, 43 ҳазору 375 сар паранда ва 3412 сар асп нигоҳубин мешавад. Соли гузашта 32 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.
- Омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кадом сатҳ аст?
- Аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки мақсад огоҳ шудан аз вазъи иҷтимоию иқтисодии деҳаву маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба ҳисоб меравад. Бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст, ки 257 иншооти таъиноти гуногун сохта шавад. Аз ҷумла, 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ, 23 маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд шуда, кашидани хатти оби нӯшокӣ, хатти барқ, таъмиру навсозии роҳҳо ва 109 иншооти гуногун пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар 28 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар 49 иншоот таъмиру навсозӣ идома доранд.
Айни замон дар ноҳияи Балҷувон 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ, интернати вилоятии наздимактабӣ, гимназияи давлатӣ ва 2 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд, ки 7340 хонандаро ба таълим фаро гирифтаанд. Ба онҳо 630 омӯзгор таълим медиҳанд. Инчунин, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 281 кӯдаки синни 5 — 6-сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд. Соли 2022 муассисаҳои таълимии ноҳияро 475 нафар хатм намуданд, ки 316 кас донишҷӯ шуданд.
- Солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди соҳаи саноат» эълон гардид. Вобаста ба ин масъала кадом корҳо анҷом дода шуданд?
- Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 миллиону 784 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021- ум 4 миллиону 393 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва бо ҷойи кор таъмин кардани сокинони маҳаллӣ соли сипаришуда се корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, дар ду корхона корҳои сохтмонӣ идома доранд. То соли 2026 дар ноҳия эъмори 11 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2009 таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст. Баҳри амалӣ гардидани қарори мазкур кадом корҳо ба сомон расиданд?
- Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ соли 2022 аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 174 ҳазору 777 сомонӣ, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 200 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳия 120 ҳазору 550 сомонӣ ҷудо гардид. Айни замон дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 69,5 километр роҳ мавҷуд аст, ки 42,5 километри он роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 27 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
- Дар ноҳия кадом мушкилот вуҷуд дорад?
- Ба соҳилбандӣ эҳтиёҷ доштани 12 километр соҳили дарёҳо, таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ, паст будани суръати интернет, ба барқарорсозӣ ниёз доштани пулҳои одамгузар дар деҳаҳои Шаиди Бобохон, Кӯҳнабалҷувон ва деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Сайф Раҳим, норасоии 19 омӯзгори фанҳои математика, физика, забони англисӣ, русӣ, технологияи иттилоотӣ ва химия, кифоя набудани китобҳои дарсӣ, компютер, тахтаи электронӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Мусоҳиб Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»