Аз фаъолияти комиссияҳои интихоботии ҷаҳон

№25 (3505) 25.02.2016

КМИР: Моҳи апрел интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли равон дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Зимни интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаҳои интихоботии зикршуда Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комил Салимзода ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз моҳи январи соли равон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Фармони Президенти мамлакат масъулияти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Бо Фармони дигари Президенти мамлакат Комил Салимзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардид.

 Интихоботи парлумонии Қазоқистонро ду нафар аз Тоҷикистон назорат мекунанд

Онҳо, бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Моҳистон Азизова — котиби КМИР ва Абдураҳим Улфатов — сармутахассиси КМИР мебошанд, ки ба ҳайати нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуданд.

Интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Қазоқистон 20 марти соли равон баргузор мегардад.

 Башор Асад рӯзи интихоботи парлумониро эълон кард

Президенти Ҷумҳурии Сурия Башор Асад рӯзи баргузории интихоботи навбатии парлумониро эълон кард.

Хабаргузориҳои ғарбӣ бо истифода аз расонаҳои Сурия навиштаанд, ки интихобот бояд 13 апрели соли ҷорӣ баргузор шавад. Дар фармоне, ки Башор Асад имзо кардааст, теъдоди курсиҳои ваколат аз ҳар вилояти Сурия муайян шудааст.

Замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар Сурия, баъд аз он ки Вашингтон ва Москва нақшаи оташбасро дар ин кишвар муайян карданд, эълон шуд. Оташбас бояд аз 27 феврал шурӯъ шавад.

Охирин интихоботи парлумонии Сурия соли 2012 баргузор гардидааст. Тибқи қонунгузорӣ, интихоботи парлумонӣ дар Сурия дар чор сол як маротиба доир мешавад.

«Садои мардум»