Молдова. Парламент ба Ҳукумати кишвар изҳори нобоварӣ кард
Вакилони парламенти Молдова барои истеъфои Ҳукумати мамлакат, ки ба он Майя Санду роҳбарӣ мекунад, овоз доданд. Ба ин кор намояндагони фраксияи сотсиалистҳо иқдом намуданд. Аъзои он, баъд аз он ки ҳукумат лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи прокуратураро ба парламент пешниҳод намуд, ба чунин қарор омаданд. Тибқи пешниҳод, сарвазир ҳуқуқи интихоби намояндаро ба прокуратура бояд пайдо мекард. Вақте сотсиалистҳо зидди он баромаданд, сарвазир онҳоро дар тарсуӣ айбдор кард. Ба тарафдории истеъфои Ҳукумати Молдова 63 вакил овоз дод.
«Парламентская газета»
Гурҷистон. Эътирози мардум дар назди парламент
Чанд рӯз боз дар назди парламенти Гурҷистон ҳамоиши оммавӣ давом дорад. Эътирозгарон мехоҳанд, ки Ҳукумати мамлакат ба истеъфо равад ва дар кишвар интихоботи пеш аз муҳлат доир гардад. Ҳоло онҳо дар майдон хайма мезананд. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳамоиш ба зудӣ анҷом намеёбад.
- Мо шабонарӯзӣ ин ҷо мемонем, то талабҳоямон қонеъ гардонда нашавад, майдонро тарк нахоҳем кард, — мегӯяд яке ташкилкунандагони он Шота Дигмелашвили.
Чанде пеш пешниҳоди роҳбари ҳизби ҳокими «Орзуи гурҷистонӣ» («Грузинская мечта») Бидзин Иванишвилиро дар бораи гузаронидани раъйдиҳии мутаносиб (тарзи интихобот дар баъзе аз мамлакатҳои буржуазист, ки аз рӯи он мандатҳо мувофиқи миқдори овозҳои гирифтаи намояндагони ин ё он гурӯҳ ва ҳизб тақсим мешавад) парламент рад карда буд.
«Интерфакс»
Украина. Ду вакил аз Фраксияи ҳоким хориҷ карда шуд
Дар Радаи Олӣ — парламенти Украина ду вакил аз ҳайати фраксияи ҳизби ҳокими «Хидматгори халқ» («Слуга народа») хориҷ карда шуд.
- Гуноҳи Анна Скороход ва Антон Поляков дар он буд, ки онҳо ба тарафдории якчанд лоиҳаи қонун овоз надоданд, — гуфт раиси ҳизби «Хидматгори халқ» Александр Корниенко.
Бино ба иттилои ширкати телевизионии «Мейстер», дар Радаи Олӣ ҳатто баъзе вакилон ва гурӯҳҳо барои овоз додан ва ё надодан ба ин ё он қонун ришва ҳам пешниҳод мекардаанд.
«ТАСС»
Амрико. Раиси парламент Президентро ба ришвагирӣ айбдор кард
Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нэнси Пелоси дар рафти конфронси матбуотиаш гуфт, ки Президент Доналд Трамп ба фаъолияти коррупсионӣ ҳангоми муноқишаҳои Украина иқрор шуд.
- Расонидани кумаки ҳарбӣ ва ё рад намудани он дар ҷавоб ба изҳорот оид ба тақаллубкорӣ дар раванди интихобот метавонад як навъ ришва бошад. Президент Трамп ба ин амал баҳои мусбат додааст, ки онро ман ришвагирӣ меҳисобам, — иброз дошт Пелоси.
Ин баҳсҳо дар ҷараёни импичменти президент ба вуҷуд омадаанд, ки айни ҳол идома доранд. Мухолифони Доналд Трамп кӯшиш менамоянд, ки ӯро бо ин ва дигар хатоҳо муттаҳам кунанд.
«ProfitGate»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»