Вакилони Думаи давлатӣ мехоҳанд 31 декабр рӯзи истироҳат эълон шавад
Ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Ҳизби либералӣ — демократӣ ироа гардид. Тибқи лоиҳа, бояд арафаи соли нави мелодӣ, яъне 31 декабр, новобаста ба он ки ба ба кадом рӯзи ҳафта рост меояд, истироҳат эълон шавад.
Муаллифон бар он назаранд, ки дар чунин ҳолат кормандон ва корфармоён рӯзҳои истироҳатӣ ва ғайрикориро метавонанд самараноктар истифода баранд ва нақшаҳои худро амалӣ созанд. Пештар аз ҷониби «Роструд» низ ин масъала ба миён гузошта шуда буд.
«Парламентская газета»
Дар телевизион рекламаи дору манъ карда шавад!
Ин масъаларо вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ният доранд, ки дар яке аз ҷаласаҳои навбатӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Муаллифи пешниҳод аъзои Ҳизби либералӣ — демократӣ ва сарвари он Владимир Жириновский мебошанд. Тибқи пурсиши гузаронидаи онҳо, қариб 20 фоизи беморон ба духтур муроҷиат мекунанд ва беш аз 60 фоизи дигар ба худтабобаткунӣ машғуланд. Ин натиҷаи тарғиби мунтазами дорую лавозимоти табобатӣ дар радио ва телевизион аст. Аз таъсири чунин тарғибот аст, ки аксар беморон давоҳои «бемислу муъҷизанок» — ро аз дорухонаҳо мехаранд ва аз зарари онҳо бехабар, бе тавсияи духтурон, истифода мебаранд.
Ҳоло дар бисёр кишварҳои Аврупо аз рекламаи ҳар гуна дору худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар Канада тавассути радио ва телевизион тарғиб намудани доруворӣ пурра манъ шудааст. Ҳамчунин, ба фикри муаллифони лоиҳа набояд ҳуқуқи истифодабарандагонро пурра маҳдуд намуд. Чунин маълумот дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои ахбор бояд дастрас бошад
«Парламентская газета»
Оё вакилони Конгресси Амрико ғами ӯйғурҳои Хитойро мехӯранд?
Вакилони Палатаи намояндагони Конгресси Амрико лоиҳаи қонун дар бораи дастгирии ӯйғурҳои Хитойро дастгирӣ карданд. Ба гуфти Ҳукумати ИМА, дар ноҳияи автономии Синтсзян – Ӯйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳуқуқи шаҳрвандон поймол мешавад. Баъди аз ҷониби Президенти Амрико Доналд Трамп имзо шудани қонуни мазкур дар назар аст, ки аз ҷониби ИМА зидди ҳукуматдорони Хитой таҳрим эълон карда шавад.
Аммо Хитой даъво дорад, ки дар ноҳияи худмухтори Синтсзян – Ӯйғур гурӯҳҳои ифротӣ амал мекунанд, ки бо терроризми байналмилалӣ ҳамкорӣ доранд.
«РИА Новости»
Лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми педагог» дастгирӣ ёфт
Вакилони палатаи поёнии парламенти Қазоқистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми педагог»-ро дастгирӣ ва дар ин бора қарор қабул карданд. Тибқи он бояд маоши омӯзгорон 25 фоиз баланд бардошта, ба роҳбарони синф ва омӯзгороне, ки дафтарҳоро тафтиш мекунанд, музди дукаратаи иловагӣ дода шавад. Ҳамчунин, масъулоне, ки муаллимонро ба корҳои ғайрикасбӣ ҷалб мекунанд, ҷарима шаванд.
Лоиҳаи қонун расондани муҳлати рухсатии омӯзгоронро то ба 56 рӯз пешбинӣ менамояд. Дар ҳуҷҷат, инчунин, барои ҳимояи ҳуқуқ ва шарафи омӯзгор, маҳдуд кардани санҷишҳои бешумори муассисаҳои таълимӣ нуктаҳои ҷолиб ҷой дорад.
Табиист, ки бисёр вақт омӯзгоронро дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихобот истифода мебаранд. Дар ин маврид, мувофиқи лоиҳаи нави қонун, бояд ба онҳо музди иловагӣ дода шавад.
Лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми педагог» бо супориши нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли гузашта таҳия гардида буд.
«КазИнформ»
Ба қонун дар бораи «Агентҳои хориҷӣ» тағйирот дароварда шуд
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тағйирот ба қонун дар бораи «Агентҳои хориҷӣ»- ро имзо кард. Баъзе аз шореҳон мегӯянд, ки мақсади тағйирот ба қонун таъқиби дигарандешон, маҳдудсозии озодии ВАО ва эҷоди монеа ба табодули афкор аст. Тибқи қонун, рӯзноманигороне ҳам «Агенти хориҷӣ» эътироф мегарданд, ки дар расонаҳои шомили рӯйхати «Агентҳои хориҷӣ» фаъолият доранд. «Агенти хориҷӣ» шахсони воқеие ҳам унвон мегиранд, ки бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва аз онҳо пуштибонӣ ва ё дигар навъи кумаки моддӣ дарёфт мекунанд. — Агар нигоштаи расонаҳои хориҷӣ меъёрҳои қонунгузории Россияро риоя накунанд, мақомот ҳақ доранд, «дастрасӣ ба сомонаи расонаро қатъ ва ё муассисаи ҳуқуқиро барҳам диҳанд», — менависад хабаргузории «ТАСС».
«Озодӣ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»