Ӯзбекистон ба интихобот омодагӣ мебинад
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 декабри соли ҷорӣ интихоботи парламентӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов хабар дод. Тибқи иттилои ӯ, дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат меварзад. Барои овоздиҳии шаҳрвандон дар шаҳру деҳот 6720 округ ва 10253 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, дар интихобот қариб 20 миллиону 600 нафар иштирок хоҳанд кард.
«AVESTA.TJ»
КВД- ҳо барҳам мехӯранд
Вакилони Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро, ки мувофиқи он корхонаҳои воҳиди давлатии федералӣ ва муассисаҳои воҳиди мунитсипалӣ барҳам дода мешаванд, дурудароз баррасӣ карданд ва ниҳоят, ба қароре омаданд, ки онро қабул кунанд. Дар ин бора муовини Раиси Думаи давлатӣ, намояндаи фраксияи «Россияи ягона» Сергей Неверов хабар додааст. Баъди қабули қонун корхонаю муассисаҳои зикршуда, ба истиснои он ширкатҳое, ки фармоишоти мудофиаи давлатиро иҷро мекунанд, тадриҷан барҳам дода мешаванд.
Татбиқи қонун аз моҳи январи соли 2020 то соли 2025 идома меёбад.
РИА «НОВОСТИ»
Мухолифон ба Парламенти Беларус роҳ наёфтанд
17 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи вакилон ба палатаи намояндагони парламент доир гардид. Тибқи хабарҳои расида, 110 нафар ба он роҳ ёфтанд. Аз намояндагони мухолиф ягон нафар соҳиби мандат нагардид.
- Ман бисёр мехостам, ки дар парламенти мамлакат чор — панҷ ё ҳатто даҳ нафар намояндаи мухолифро бубинам, вале онҳо соҳиби 3,5 фоизи овозҳо шудаанд, — иброз доштааст Президенти Беларус Александр Лукашенко
АГЕНТИИ ИТТИЛООТИИ «РТ»
Парламенти Финландия Сарвазири навро тасдиқ кард
Вакилони парламенти Финландия номзадии муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократ Санн Маринро ба ҳайси Сарвазири мамлакат ҷонибдорӣ карданд. 99 вакил ба тарафдорӣ ва 70 нафар бар зидди ӯ овоз доданд.
Баъди аз ҷониби Президенти мамлакат Саул Ниинистё тасдиқ гардидани қарори парламент Санн Марин ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад.
АГЕНТИИ ИТТИЛООТИИ «РТ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»