Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№31 (4137) 12.03.2020

Дар Россия рӯзи раъйдиҳӣ маълум шуд

 

1Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пешниҳоди аъзои гурӯҳи корӣ дар бораи раъйдиҳии умумироссиягӣ барои ворид намудани тағйирот ба Конститутсияро дастгирӣ кард.

Ин маъракаи муҳими сиёсӣ 22 апрел таъин шудааст. Вакили Думаи давлатӣ Андрей Клишас гуфтааст, ки раъйдиҳӣ ба рӯзҳое рост меояд, ки  мавсими рӯзаи православӣ анҷом ёфта, моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон (24 апрел) оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки даровардани тағйирот ба Конститутсияи ФР аз ҷониби Владимир Путин зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Федералӣ 15 январ пешниҳод гардид. То ин дам ба гурӯҳи корӣ қариб 900 таклиф ворид шудааст.

Рӯзи раъйдиҳӣ  (22 апрел) ғайрикорӣ эълон шудааст.

«ТАСС»

Ширкати телевизионии Шӯрои Федератсия – «ВМЕСТЕ — РФ»

2Дар Шӯрои Федератсия Ширкати телевизионии «ВМЕСТЕ-РФ» хеле фаъол аст. Аз ҷумла, он чандест, ки силсилабарномаҳоро таҳти унвони «Парламентҳои ҷаҳон» роҳандозӣ кардааст.

Дар ҳар як барнома роҷеъ ба ин ё он парламенти кишварҳои хориҷа маълумоти муфассал дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки вакилон ҳар чӣ бештар доир ба фаъолияти ҳамкасбон дар хориҷа маълумот пайдо намоянд ва таҷрибаи онҳоро омӯзанд.

Ҳамчунин, аз тариқи телевизиони зикршуда як соат пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои Федератсия барнома таҳти унвони «Субҳи парлумонӣ» пешкаш мегардад. Дар он  вакилон, коршиносон ва роҳбарони вазорату идораҳое, ки ба ҷаласаи Шӯро даъват шудаанд, иштирок ва роҷеъ ба масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, фикру мулоҳиза баён менамоянд.

Вакилони Думаи давлатӣ ва меҳмонони ба ҷаласаҳо даъватшуда дар барномаҳои дигари ширкати телевизионӣ, ба монанди «Сенат», «Навигариҳои Шӯрои Федератсия», «Гузориши махсус», «Шинос шавед – сенатор», «Минбари коршиносон» ва ғайра  фаъолона ширкат меварзанд.

«ВМЕСТЕ-РФ»

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»