Россия. Тартиби додани кумакпулӣ ба кӯдакон осон шуд
Дар Федератсияи Россия, чун даврони шӯравӣ, барои кӯдакон кумакпулӣ муқаррар шуд. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба қонуни нав дар бораи додани кумакпулӣ барои таваллуд ва ё фарзандхонии кӯдаки нахустин ва дуюм дар ҷойи истиқомати асосӣ имзо гузошт.
Дар мавриди иваз кардани ҷойи истиқомат волидон бояд дар бораи нишонии аниқи худ ба идораи таъминоти иҷтимоӣ хабар диҳанд. Тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳо низ сода гардонда шудааст.
Пешниҳоди Раиси шӯрои Федератсия барои ғамхорӣ ба модарон
Раиси Шӯрои Федератсияи Думаи давлатии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко пешниҳод кард, ки «Барномаи сармояи (капитали) модарон то соли 2025» идома дода шавад. Таклиф зимни вохӯрӣ бо Владимир Путин баён гардид.
- Беҳтар кардани вазъи демографии кишвар барои боз ҳам тақвият бахшидани ғамхорӣ ба модарон идомаи тадбирҳо дар доираи «Барномаи сармояи модарон» хоҳад буд, — иброз доштааст В. Матвиенко.
Бояд гуфт, ки аз моҳи январи соли 2007 модарон барои таваллуди фарзанди дуюму сеюм тибқи барномаи зикршуда 453 026 рубл кумакпулӣ гирифта истодаанд, вале соли 2021 муҳлати амали он ба охир мерасад.
Бозхонди вакил аз ҷониби интихобкунандагон
Собиқ узви парламенти Британияи Кабир Фиона Онасаня, ки барои баланд кардани суръати мошин се моҳ аз озодӣ маҳрум ва аз узвияти ҳизби лейбористӣ хориҷ шуда буд, ба сифати вакили озод фаъолиятро идома медод. Вале интихобкунандагон дастаҷамъона ариза навишта, дархост кардаанд, ки Фионаро аз мандати вакилӣ низ маҳрум намоянд. Ин пешниҳод аз ҷониби аъзои парламент дастгирӣ ёфт. Фиона нахустин нафар аст, ки тайи чанд соли охир бо пешниҳоди интихобкунандагон аз вакилӣ маҳрум гаштааст. Вай 12 сол дар палата намояндагӣ мекард.
Дуздии дилдода аз ҷониби вакили мардумӣ
Тибқи хабари «Интерфакс. Ру», дар Ҷумҳурии Ингушетия вакили Маҷлиси халқӣ (номаш зикр нашудааст), узви фраксияи «Единая Россия» аз ноҳияи Малгобек, бо мақсади хонадор шудан занеро, ки пештар дар вазифаи сардухтури беморхона кор мекард, рабудааст.
Рафтори вакил дар байни аҳли ҷомеа вокуниши зиёдро ба амал овард. Вазъиятро Шӯрои калонсолон ором кард. Ҳарчанд барои издивоҷи ҳар ду «дилдода» иҷозат дода шуда бошад ҳам, вакил барои амалаш 200 ҳазор рубл ва онҳое, ки бо ӯ ҳамроҳӣ кардаанд, 100 ҳазор рублӣ ҷарима шуданд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»