Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№92 (4198) 31.07.2020

Вакилони Радаи Олӣ барои истеъфои вазири тандурустӣ имзо ҷамъ карданд

1Вакилони парламенти Украина — Радаи Олӣ аз ҳизби мухолифи «Садо» («Голос») барои истеъфои вазири тандурустии мамлакат Максим Степанов қариб 100 имзо ҷамъ карданд. Онҳо ният доранд лоиҳаи қарорро низ омода ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

Вакилон дархости худро бо он асоснок мекунанд, ки вазир дар шароити пандемияи коронавирус бемасъулиятӣ нишон дода истодааст ва наметавонад вазифаи хешро ба ҷо орад. Баъди вазири тандурустӣ таъин гардидани Максим Степанов (моҳи март) мухолифон чандин бор аст, ки истеъфои ӯро талаб мекунанд.

«Экономика сегодня»

Ҳавои бинои парламент тоза нест!

2Чунин изҳор намуд вакили Думаи давлатӣ, раиси Ҳизби либералӣ — демократии Россия Владимир Жириновский.

- Ин бино барои фаъолияти парламент ягон шароит надорад. Бинобар ҳавои вазнини толор қариб 40 нафар вакил ва кормандони Дастгоҳ бемор шуданд, — гуфт ӯ ва пешниҳод намуд, ки барои Думаи давлатӣ бинои нав созанд.

«РИА Новости»

Афғонистон. Бисёре аз вакилон бемор шудаанд

3Қисми зиёди вакилони парламенти Афғонистон, тахминан 60 — 70 фоиз, гирифтори бемории коронавирус шудаанд. Ҳамчунин, натиҷаҳои ташхис, ки дар миёни чанде аз аъзои ҳукумат гузаронида шуд, ғайриқаноатбахш аст.

Тибқи маълумот, теъдоди гирифторони коронавирус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба беш аз 34 ҳазор нафар расидааст ва то ҳол аз он 994 нафар фавтидаанд.

«РИА Новости»

Дар Россия роҷеъ ба тарбияи ватандӯстӣ қонун қабул гардид

4Вакилони Думаи давлатӣ дар хонишҳои дуюм ва сеюм лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи Президенти Россияро дар бораи тарбияи ватандӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ қабул карданд.

Он, баъди аз ҷониби Шӯрои Федератсия тасдиқ шудан аз 1 сентябри соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар асоси қонун муассисаҳои таълимӣ барнома таҳия хоҳанд кард.

- Қонун тақозо мекунад, ки дар баробари донишандӯзӣ ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, — изҳор намуд Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.

«ТАСС»

Вакилони Думаи Давлатӣ пешниҳод карданд, ки ба кодекси ҳуқуқвайронкунӣ тағйирот ворид карда шавад

5Вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, барои фурӯши маҳсулоти тамоку (навъҳое, ки зери забон мегузоранд) ва нос ба наврасон ҳаҷми ҷарима зиёд карда шавад. Мувофиқи пешниҳод, дар сурати қабули тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шаҳрвандоне, ки ба фурӯши маҳсулоти тамоку ва нос машғуланд, аз 15 то 20 ҳазор, шахсони масъул – аз 30 то 50 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 150 ҳазор рубл ҷарима карда мешаванд. Агар чунин маҳсулот ба наврасон фурӯхта шавад, ҷаримаи баландтар муқаррар шудааст.

- Истеъмоли тамоку ва нос ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад ва баданро заҳролуд мекунад. Дар ҳолати истеъмоли дурудароз шахс ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад, — мегӯянд муаллифони лоиҳаи нави Кодекс ва мутахассисони «Роспотребнадзор».

«РИА Новости»

Вакили Бундестаг изҳороти вазирро ғайри қобили қабул донист

1Вакили Бундестаг – парламенти Германия, изҳороти вазири корҳои хориҷии кишвар Хайко Маасро дар бораи он ки Ҷумҳурии Федеративии Германия зидди бозгашти Федерат­сияи Россия ба шартномаи «Давлатҳои ҳафтгона» (G7) мебошад, ғайри қобили қабул ва бемасъулиятона донист.

- Мулоқоту ҳамкориҳо дар чунин шакл ба роҳбарони давлатҳо имкон медиҳад, дар бораи масоили муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкор кунанд, ки ин ба рушди кишварҳо мусоидат менамояд. Махсусан, дар шароити ҳозира, ки паҳншавии бемории коронавирус ба рушди иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон таъсири ҷиддии манфӣ расондааст ва дарёфти ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳим зарур аст, набояд роҳбарони сатҳи олӣ ба бемасъулиятӣ роҳ диҳанд, — гуфтааст вакил.

Аз сомонаи «Майл.ру»

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»