Имкони кор пайдо кардани донишҷӯёни хориҷӣ зиёд шуд
Тибқи тағйирот ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия», аз 5 августи соли ҷорӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ имкон пайдо шуд, ки бе ташвиши зиёд ба кор дароянд. Лоиҳаи қонун аз ҷониби гурӯҳи вакилони парламент таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко пешниҳод гардид.
Мутобиқи тағйирот донишҷӯён метавонанд вақтҳои фориғ аз таҳсил ба шуғли даромаднок машғул шаванд ва барои ин иҷозатнома ё патент лозим нест. Онҳо танҳо бо корфармо шартнома мебанданд, ки бо хатми мактаби олӣ ва ё коллеҷу литсей бекор мегардад. Ҳукумати мамлакат бо роҳандозии ин тадбир мехоҳад сафи донишҷӯёни хориҷиро дар Россия афзоиш диҳад.
«Парламентская газета»
Рӯзи истироҳати иловагӣ барои шаҳрвандони аз 40-сола боло
Чанде пеш вакилони Думаи давлатӣ қонунеро қабул намуданд, ки мувофиқи он шаҳрвандони аз 40- сола боло ҳуқуқ доранд, соле як маротиба рӯзи истироҳатии иловагӣ барои барқарор намудани саломатӣ дошта бошанд. Музди рӯзи истироҳати иловагӣ пурра пардохта мешавад. Қонун аз 11 августи соли ҷорӣ эътибор пайдо кард.
РИА «Новости»
Парасторони маъюбон ҳавасманд мешаванд
Вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз фраксияи Ҳизби либералӣ-демократӣ бо роҳбарии Ярослав Нилов лоиҳаи қонунеро пешниҳод карданд, ки тибқи он ба парасторони маъюбони гурӯҳи аввал барои нигоҳубини шахси имконияташ маҳдуд ҳар моҳ 10 ҳазор рубл ҷубронпулӣ дода мешавад.
ИА «REGNUM»
Камбизоатон низ мехоҳанд мошин дошта бошанд
Вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Василий Власов пешниҳод кард, ки андоз барои нақлиёти автомобилӣ, ки дар дохили мамлакат истеҳсол мешавад, бекор карда шавад. Ин пешниҳод ба вазири молияи мамлакат Антон Силуанов барои омӯзиш ирсол гардид.
Муаллифи иқдом пешниҳодро ба он асоснок кард, ки дар Россия одамони зиёд ҳастанд, ки имкони иқтисодиашон зиёд нест ва онҳо мошинҳои арзони ватаниро харидорӣ мекунанд. Аз ин ҷиҳат, барои онҳо бояд сабукӣ овард.
РИА «Новости»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»