Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№107 (4213) 03.09.2020

Абэ ба истеъфо рафт

АбэээээСарвазири Япония Синдзо Абэ ба истеъфо рафт. Вай сабаби барканориашро аз мансаби баланд ба вазъи саломатиаш алоқаманд арзёбӣ кард.

Абэ дар конфронси матбуотие, ки 28 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, дар ин бора изҳорот дода, гуфт: «Узр мехоҳам, ки бе ҳалли масъалаи имзо кардани созиши сулҳ бо Россия ба истеъфо меравам».

Синдзо Абэ, ки бори аввал соли 2006 Сарвазири Япония интихоб шуда, баъди чанд соли фаъолият ба истеъфо рафт, моҳи декабри соли 2012 аз нав Сарвазир интихоб шуд. Яъне, вай дар Япония ба муддати аз ҳама зиёд ин мақоми баландпояи кишварро соҳиб гардидааст.

Ба муносибати истеъфои Сарвазир, парламенти Япония 17 сентябр ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунад ва дар он номзадии Сарвазири нави кишвар тасдиқ карда мешавад.

ТАСС, «Спутник»

Видеоконференсияи роҳбарони парламентҳо

3Чанде пеш бо ширкати намояндагони 180 мамлакат конференсияи панҷуми байналмилалии роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди байнипарламентӣ баргузор гардид.

Зимни он, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд, масъалаи таҳияи барномаи самарабахши умумиҷаҳонии ба таъмини сулҳу рушди кишварҳо мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён мавзӯи мазкурро дар шароите, ки пандемияи коронавирус ба ҷаҳониён санҷиши ҷиддиеро пеш овардааст, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Конференсияи байналмилалии роҳбарони парламентҳо, ки ҳар панҷ сол як маротиба доир мегардад, асосан ба таҳкими равобити парламентҳои ҷаҳон бахшида мешавад. Дар поёни видеоконференсия Декларатсия ба парламентҳои ҷаҳон қабул карда шуд.

«Новости Майл.ру», UzDaily.uz

Хонандагони мактабҳо бо хӯроки гарм таъмин мешаванд

2Ин навигарӣ бо иқдоми вакилони Думаи давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоии Федератсияи Россия аз якуми сентябр ҷорӣ гардид.

Тибқи қонуни марбута, хонандагони синфҳои ибтидоӣ алҳол рӯзе камаш як маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Ҳоло 75 фоизи мактабҳо имкон доранд, ки иқдоми мазкурро дар амал ҷорӣ кунанд.

Бо ташкили ошхонаю дигар иншооти зарурӣ минбаъд тамоми таълимгоҳҳои таҳсилоти ибтидоии шаҳру вилоятҳои Россия метавонанд ин иқдомро амалӣ намоянд.

«Парламентская газета»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»