Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№141 (4247) 19.11.2020

ПрезидентПрезиденти нави Молдова парламентро барҳам доданист

Дар интихоботи президентие, ки 15 ноябри соли равон дар Молдова баргузор гардид, мувофиқи маълумоти пешакӣ, раиси Ҳизби «Амал ва ҳамбастагӣ» Майя Санду пирӯз шуд. Вай 56,28 фоиз овоз гирифта, аз Президенти ҳозира Игор Додон, ки 46,6 фоизи овозҳоро ба даст овард, пеш гузашт.

Майя Санду иброз доштааст, ки кӯшиш менамояд, то парламентро пароканда намуда, интихоботи навро пеш аз муҳлат ташкил кунад. «Дар ин бобат ният дорем бо ҳизбҳои сиёсии мамлакат ҳамкорӣ кунем», — гуфтааст вай.

«ИНТЕРФАКС. РУ»

ИстефоПрезидент ва роҳбарияти парламенти Перу истеъфо доданд

Президенти Перу Мануэл Мерино, ки чанде пеш баъди нобоварӣ ба Мартина Вискарри роҳбари давлат интихоб шуд, аз вазифа истеъфо дод. Бинобар вазъи ноороми кишвар ва мавҷи нави эътирозҳо, ӯ ба чунин қарор даст зад.

Ҳамчунин, аъзои Президиуми Конгресси Ҷумҳурии Перу ба истеъфо рафт. Тавре раиси парламенти мамлакат Луис Валдес иброз намуд, дар чунин вазъият фаъолият намудан ғайри қобили қабул аст. Вай аз вакилон хоҳиш намуд, ки роҳбарияти нави Президиуми Конгрессро интихоб намоянд.

Агентиҳои «ТАСС» ва «РЕЙТЕР»

омодагиОмодагӣ ба интихоботи парламентӣ дар Россия

Дар Федератсияи Россия ба интихоботи парламентӣ, ки соли оянда дар назар дошта шудааст, омодагӣ мегиранд.

Ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, Ҳизби «Россияи ягона» («Единая Россия») лоиҳаи нави озмунро барои интихоби номзадҳои арзанда пешниҳод кардааст. Мақсад дарёфти сиёсатмадорони варзида аз минтақаҳои гуногуни мамлакат барои пешбарии онҳо ба вакилии Думаи давлатӣ мебошад.

Баъди санҷишу интихоби номзадҳо 50 нафари онҳо метавонанд дар маъракаи интихоботӣ иштирок намоянд. То интихобот онҳо аз ҷониби мансабдорони маҳаллӣ аз омӯзиши малакаи сиёсатмадорӣ мегузаранд.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ, ки ду моҳ пеш дар Россия гузаронида шуд, аз Ҳизби «Россияи ягона» 120 номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва думаҳои шаҳрӣ соҳиби мандати вакилӣ шуданд.

«ТАСС»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»