Хизматчии давлатӣ минбаъд дар Россия наметавонад шаҳрванди ду давлат бошад
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки душаҳрвандиро барои хизматчиёни давлатӣ манъ мекунад.
Он ҳуҷҷат дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр гардида, мутобиқаш хизматчии давлатӣ, агар то ҳол душаҳрвандӣ дошта бошад, дар ин бора бояд маълумот пешниҳод карда, аз шаҳрвандии кишвари хориҷӣ даст кашад, вагарна аз вазифа барканор мешавад.
Чунин тартиб ба баъзе аз хизматчиёни ҳарбии соҳибрутба низ дахл дорад.
«Известия-ру»
Адолф Гитлер дар парламенти Намибия
Дар интихоботи маҳаллии ноҳияи Ошани Намибия 84 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории номзад Адолф Гитлер Уунона овоз доданд ва ӯ вакили парламент интихоб гардид. Аммо вай аз ҳамномаш тамоман фарқ дошта, мақсадаш гирифтани ҷаҳон нест, балки мехоҳад дар рушди ватанаш саҳм гузорад.
«Падарам маро дар хурдӣ Адолф Гитлер ном монд, аммо намедонист, ки Гитлер чӣ гуна шахсият аст. Ман ҳам дар хурдӣ аз номам парво надоштам. Баробари бузург шудан фаҳмидам, ки Гитлер кӣ будааст? Ман ҳеҷ умумияте ба ӯ надорам», — гуфтааст Уунона зимни мусоҳиба ба хабарнигорони олмонӣ.
Ахбори «Майл.ру» (EADaily)
Ғамхории навбатӣ ба оилаҳои серфарзанд
Дар парламенти Федератсияи Россия лоиҳаи қонунеро таҳия карданд, ки ҷиҳати кумак расонидан ба оилаҳои серфарзанд тадбири навро амалӣ мекунад. Баррасии он то охири соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.
Аз аввали соли нави 2021, бо қабули ҳуҷҷати зикршуда ба оилаҳое, ки ду, се ва аз ин зиёд фарзанди аз се то ҳафтсола доранд, 450 ҳазор рубл қарзи ипотекӣ дода мешавад. Бо ин маблағ оилаҳо метавонанд хона бунёд ва ё манзили истиқоматӣ таъмир намоянд. Тибқи иттилои расида, лоиҳаро Ҳукумати мамлакат ва намояндагони бисёре аз фраксияҳои Думаи давлатӣ дастгирӣ кардаанд.
«НОВОСТЬ»
Муҳлати вазъияти фавқулода тамдид шуд
Вакилони парламенти Чехия, бинобар сабаби бемории коронавирус, барои дароз кардани муҳлати вазъияти фавқулода дар кишвар овоз дода, онро то 12 декабр тамдид карданд. Ба тарафдории ин қарор аз 103 вакил 56 нафар овоз дода, ба ин тартиб пешниҳоди Ҳукуматро барои то 20 декабр дароз кардани муҳлати вазъияти фавқулода рад карданд.
Ин кор ба хотири наздик шудани ҷашни соли нави мелодӣ сурат гирифт. Аммо, агар вазъият вобаста ба COVID-19 мураккаб боқӣ монад, парламент маҷбур аст масъаларо аз нав ба баррасӣ гузорад, — иброз доштааст вакил Зденек Ондрачек.
РИА «НОВОСТИ»
Қонун барои муҳоҷирон
Дар Шӯрои Федератсия қонун оид ба санҷиши дониши муҳоҷирон роҷеъ ба таърих ва забони русӣ тасдиқ шуд.
Дар он талаб карда мешавад, ки вобаста ба мақсади муҳоҷират, шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба дараҷаи муайян забони русӣ ва таърихи Федератсияи Россияро донанд. Мувофиқи қонун, ташкилотҳои махсуси омӯзишӣ, ки ҳуқуқи гирифтани имтиҳонро доранд, чорабинии зикршударо ба роҳ монда, ба муҳоҷирон шаҳодатнома медиҳанд. Муҳоҷир бошад, бо ин ҳуҷҷат имкон дорад, ки се сол барои будубоши муваққатӣ ва кор иҷозат гирад, ҳамчунин соҳиби патент шавад.
«СПУТНИК»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»