Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№154 (4260) 24.12.2020

Дар Россия маоши муаллимон зиёд мешавад

3Раиси  Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко гуфтааст, ки бояд музди меҳнати муаллимон баланд бардошта шавад.

- Мо барои афзоиши музди меҳнати кормандони муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ иқдом карда будем, ки онро Президенти мамлакат дастгирӣ намуд. Акнун вақти он расидааст, ки муаллимонро бештар ҳавасманд созем, зеро онҳо дар ҷомеа масъулияти бузургро бар дӯш доранд, — афзудааст Валентина Матвиенко.

«Федеральная агентство новостей» (ФАН)

 Мансабдорон барои  дағалӣ ҷарима месупоранд

1Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия қонунеро қабул карданд, ки мувофиқи он мансабдорони давлатӣ барои дағалӣ ҷарима месупоранд.

Минбаъд барои эътибори шахсро паст задан ҷаримаи шаҳрвандон  аз 3 то 5 ҳазор, шахсони ­масъул 30 — 50 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Мансабдороне, ки ислоҳ намегарданд, ҷаримаашон зиёдтар мешавад.

 РИА «Новости»

 Вакилони Парламенти Молдова аз забони русӣ ҳимоят карданд

2Вакилони парламенти Молдова  ба Кодекси хизмат­расонии аудиовизуалӣ тағйирот ворид карданд, ки мувофиқи он маҳдудияти пахши шабакаҳои телевизионии Россия дар кишвар бардошта мешавад.

Ҳамчунин, чанде пеш вакилон ба тарафдории ҳуҷҷате овоз доданд, ки он ба забони русӣ мақоми забони гуфтугӯи байни миллатҳоро муносиб донист.

«ТАСС»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»