Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№46-47 (4308-4309) 13.04.2021

Паёми давраи нав

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко Паёми Президенти кишвар Владимир Путинро «Паёми давраи нав» унвон кард.

- Паёми Президенти Федератсияи Россия ба Маҷлиси Федералӣ дар шароити нави пешбурди давлатдорӣ вазифаҳои мушаххаси фаъолиятро муайян мекунад. Он рӯйдоди муҳимтарини сиёсӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ироа мегардад, — гуфт зимни мусоҳиба  бо журналистон В. Матвиенко.

Паёми имсолаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ 21 апрел дар назар дошта шудааст.

Сомонаи «Думаи давлатӣ»

 Вакилон дар Ветнам сарвазири навро интихоб карданд

Вакилони Маҷлиси миллии Ветнам Фам Мин Чинро Сарвазири нави мамлакат интихоб карданд. Вай то ин дам вазифаи мудири шуъбаи ташкилии комитети марказии ҳизби коммунистро бар уҳда дошт.

5 апрели соли ҷорӣ  Сарвазири пешинаи Ветнам Нгуен Суан Фук Президенти мамлакат интихоб шуд. Пешниҳоди ӯ дар бораи Сарвазири нав таъин кардани  Фам Мин Чин аз ҷониби вакилони парламент (96,25 фоиз) ҷонибдорӣ ёфт.

«ТАСС»

Қирғизистон. Рӯзи баргузории интихоботи вакилон муайян гардид

Интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон тирамоҳи соли 2021 баргузор хоҳад гашт.

- Он бояд баъди гузаронидани ислоҳоти конс­титутсионӣ доир карда шавад, — изҳор намуд 11 апрели соли ҷорӣ роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ оид ба гузаронидани  интихобот ва референдуми ҷумҳурӣ Нуржан Шайлдабекова.

11 апрел дар мамлакат референдум оид ба қабули лоиҳаи нави Конститутсияи Қирғизистон баргузор гардид. Тибқи маълумоти расида, 80 фоизи интихобкунандагон ҷонибдори тағйирот ба Конститутсияи мамлакат шуданд. Дар лоиҳаи нави Конститутсия, аз ҷумла ҷорӣ кардани инс­титути машваратӣ — Шӯрои миллӣ (қурултой), пешниҳод шудааст. Дар идораи президентӣ ва ҳукумат низ ислоҳот ворид карда мешавад.

- Референдум дар Қирғизистон озод ва қонунӣ доир гардид, — изҳор намуд роҳбари гурӯҳи нозирони Созмони ҳамкории Шанхай, ҷонишини директори генералии СҲШ Чжан Хайчжоу.

 «Известия.ру», РИА «НОВОСТИ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»