Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№51-52 (4313-4314) 20.04.2021

Ҷо Байден бори аввал дар Конгресс баромад мекунад

1Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден даъвати раиси парламенти кишвар Нэнси Пелосиро қабул карда, қарор дод, ки 28 апрели соли равон дар ҷаласаи якҷояи ҳар ду палатаи Конгресс баромад кунад. Пелоси аз роҳбари давлат хоҳиш кардааст, ки дар назди вакилон андешаҳояшро роҷеъ ба имконоти ҳалли проблемаҳои мавҷуда баён созад.

Ба сифати Президенти ИМА Ҷо Байден бори аввал дар Конгресс суханронӣ хоҳад кард.

«Известия.ру»

Тасмими Пашинян дар бораи аз вазифа рафтан

2Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни суханронӣ дар парламенти мамлакат изҳор кард, ки дар рӯзҳои охири моҳи апрел ба истеъфо меравад. «Баъди гуфтушунид бо парламент ва Президенти кишвар ман чунин қарор додам», — гуфт Никол Пашинян.

Интизор аст, ки парламенти мамлакат низ пароканда шуда, 20 июни соли ҷорӣ интихоботи нав баргузор гардад.

«РТ на русском»

 

Президенти Молдова парламентро пароканда мекунад

3Президенти Молдова Майя Санду зимни брифинг изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик дар бораи қатъи пеш аз муҳлати фаъолияти парламенти мамлакат фармон ба имзо мерасонад. Вай гуфтаҳояшро бо қарори Суди конститутсионии мамлакат, ки барои барҳам додани парламент ҳама шарти қонунӣ риоя шудааст, асоснок кард.

- Баъди судури фармони зикршуда, бояд ҳар чӣ зудтар интихоботи парламентиро гузаронд, аммо зарур аст вазъи эпидемиологии кишвар ба эътибор гирифта шавад, — гуфт Майя Санду.

«Известия.ру»

Ғамхории навбатии вакилон дар ҳаққи ҷавонон

4Ба Думаи давлатии Федератсияи Россия барои баррасӣ лоиҳаи нави қонуне пешниҳод гардид, ки ба ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ва ҳавасмандии онҳо барои таҳсилу илм­омӯзӣ равона шудааст. Дар сурати қабули он ба ҷавонони мамлакат имкон дода мешавад, ки то 35 — солагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбию олӣ ба таври буҷавӣ таҳсил кунанд.

Муаллифи лоиҳаи зикршуда муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба маориф ва илм Максим Зайтсев зимни шарҳи мавзӯъ гуфтааст, ки тибқи Қонуни федералӣ «Дар бораи сиёсати ҷавонон» синну соли ҷавонон аз 14 то 35 ҳисобида мешавад. Аммо дар Қонуни федералӣ «Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия» чунин нукта ҷой надорад. Иқдоми зикршударо бисёр фраксияҳои парламент дастгирӣ карданд.

«Новости парламентов мира» (газета «Известия»)

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»