Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

Парламенти Сурия рӯзҳои интихоботи президентиро муайян намуд

1Қарор қабул шуд, ки  барои суриягиҳое, ки дар дохили кишвар сукунат доранд, 26 майи соли равон — рӯзи баргузории интихоботи Президенти мамлакат эълон карда шавад.

Барои шаҳрвандони Сурия, ки берун аз кишвар қарор доранд, санаи интихобот дар намояндагиҳои дипломатӣ 20 май муқаррар шуд.

РИА «Новости»

Даҳ миллион доллари амрикоӣ барои такмили Радаи Олӣ

3Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ  қарор додааст, ки кори парламенти Украинаро такмил диҳад. Зеро Радаи Олӣ (Верховная Рада) барои таҳияи сари вақт ва сифатноки қонунҳо гӯиё ки қудрат надорад. Бинобар ин, дар Амрико барои ҳалли «масъалаҳои ҷиддӣ» лоиҳа таҳия кардаанд. Тибқи он, дар баробари дигар тадбирҳо, инчунин, вакилон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Ин иқдоми Амрико дар Радаи Олӣ андешаҳои гуногунро ба бор овардааст. Баъзе аз вакилон мегӯянд, ки ба ин восита ИМА кӯшиш дорад раванди қонунгузориро дар Украина зери назорат гирад.

«РТ на русском»

Вакилони Думаи давлатӣ ба қонуни маориф тағйирот ворид карданианд

2Дар Думаи давлатии Федератсияи Россия ворид кардани тағйи­рот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия» — ро, ки лоиҳаи он оғози моҳи ҷорӣ  пешниҳод гардид, баррасӣ карданд.

Тағйирот ба моддаҳои 59 ва 60-и он, яъне таҳсили хонандагони синфҳои 9 дахл дорад. Ин масъала, бинобар сабаби паҳншавии бемории коронавирус, соли 2020 ба миён омад, ки дар он давра санҷишу имтиҳонот гузаронида нашуд. Пешниҳод шудааст, ки ба ҷои санҷиш, аз хонандагони синфҳои 9, ки хатмкунанда ҳисоб мешаванд, новобаста аз қатъ кардан ва ё идома додани таҳсил, кори контролӣ гирифта шавад.

«Яндекс Дзен»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»