Ёрдампулӣ ба нафақахӯрон
Вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Иван Сухарев пешниҳод кард, ки барои нафақахӯрон ёрдампулии ҳарсола таъин карда шавад.
Ҳамчунин, ӯ шарҳ дод, ки он маблағ барои харидани воситаҳои ҳимояи шахсӣ сарф мегардад. Вакил пешниҳодашро ба вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Антон Котяков ирсол намуд. Ба қавли ӯ, пандемияи коронавирус нишон дод, ки ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон, хоса шахсони калонсол ва барои онҳо дастрас будани воситаҳои ҳимояи шахсӣ, ниҳоят зарур аст.
- Маблағи ёрдампулии ҳарсола 10 ҳазор рубли русӣ дар назар дошта шудааст ва барои он ки мақсаднок истифода гардад, бояд ба шакли сертификат дода шавад, — пешниҳод кард вакил.
«Лента РУ»
Пешниҳоди парламенти якпалатагӣ қабул нагардид
Комиссияи конститутсионии Ҷумҳурии Беларус пешниҳодро роҷеъ ба ҷорӣ кардани парламенти якпалатагӣ қабул накард.
Муовини раиси палатаи намояндагони парламенти кишвар, узви Комиссияи конститутсионӣ Валерий Митскевич дар ин бора иброз намуд, ки пешниҳодҳо дар бораи ба ҷои дупалатагӣ созмон додани парламенти якпалатагӣ ва зиёд кардани теъдоди вакилон зиёд буданд.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки таҷрибаи ҳозираи фаъолияти парламенти дупалатагӣ барои кишвар мувофиқ аст ва қарор додем, ки он тағйир дода нашавад.
Агентии «БЕЛТА»
Хонандагон дар парламент
Дар доираи барномаи «Дарси кушод» вакилони парламенти Арманистон К. Григорян ва А. Асланян бо хонандагон ва омӯзгорони деҳоти «Паракар» ва «Тсиатсан»-и вилояти Армавир машғулият гузарониданд.
Он тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Толибилмон ва омӯзгорон бештар ба он қонунҳое таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ки ба соҳаи маориф бахшида шудаанд. Вакилони парламент ба саволҳои сершумори онҳо ҷавоб дода, таъкид намуданд, ки зимни таҳсил мақсад гузоранд ва барои оянда талош кунанд, то роҳашонро дар ҷомеа ёбанд.
- Барои пешрафту комёбӣ наврасон бояд аз хурдӣ тарбияи дуруст дошта бошанд, ҳамчун инсонҳои хубу баодоб ба воя расанд, — иброз доштанд вакилони Маҷлиси миллии Арманистон.
«Яндекс РУ»
Замин ба хориҷиён фурӯхта намешавад
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Қонун «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба баъзе аз санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон роҷеъ ба масъалаи муносибат ба замин» имзо гузошт.
Вазири кишоварзии мамлакат Сапархан Омаров онро шарҳ дода, зикр кард, ки тибқи он ба хориҷиён ва ширкатҳои хориҷӣ, ширкатҳои муштарак, муассисаю марказҳои илмии байналмилалӣ заминҳои кишоварзӣ дода намешаванд. Инчунин, кандасҳо — қазоқҳои этникӣ, ки ба ватан баргаштаанд, танҳо баъди шаҳрванди Қазоқистон шуданашон метавонанд барои бунёди боғ ва кишоварзӣ, соҳиби қитъаи замин шаванд.
Муҳлати истифодаи қитъаҳои замине, ки то ин дам ба хориҷиён аз тариқи шартнома дода шудааст, дароз карда намешавад.
Сомонаи «Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»