Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№92 (4354) 13.07.2021

Молдова. Натиҷаи пешакии интихобот маълум шуд

14Комиссияи марказии интихоботии кишвари Молдова хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии интихоботи пеш аз муҳлати парламенти мамлакат, ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳизби  «Фаъолият ва ҳамбастагӣ» пешсаф аст. Ба тарафдории  ҳизб, ки онро  Президенти Молдова Майя Санду таъсис додааст, 52,8 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.

Блоки ҳизбии «Коммунистон ва сотсиалистҳо», ки 27,17 фоизи овозҳоро соҳиб шудаанд, дар ҷои дуюм қарор дорад.

РИА «Новости»

ФР. қоидаҳои нав барои хонандагон

13Дар Федератсияи Россия аз 13 апрели соли ҷорӣ қоидаи  нави қабули хонандагон ба мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакона  ҷорист. Тибқи тағйироти нав ба Кодекси оила, ки онро Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия  моҳи гузашта қабул карда, акнун хоҳару бародарон ҳангоми қабул шудан ба боғчаҳои кӯдакона ва мактабҳо  ҳуқуқи баробар доранд. Пештар дар ҷойи зисти онҳо, хешутаборӣ ва дигар маълумот ба назар гирифта мешуд. Акнун ин бандҳо аз кодекс хориҷ карда шуданд.

«Парламентская газета»

Гаитӣ. Сенати Президенти муваққатии кишварро эълон кард

12Дуюми  июли соли ҷорӣ  ба ҷони Президенти Гаитӣ Жовенел Моиза суи­қасд анҷом ёфт.  Биноан, дар ҷаласаи 9 июли соли равон доиргардида сенати мамлакат ( палатаи болоии парламент) раиси Парламенти кишвар Жозеф Ламбераро Президенти муваққатии Ҷумҳурии Гаитӣ эълон кард.

Президенти муваққатӣ дар ҷаласаи парламент, ки бо ҳузури  вакилон, намояндагони ҳокимияти расмӣ ва сарварони ҷомеаҳои шаҳрвандӣ баргузор мегардад, қасам ёд хоҳад кард, қайд шудааст дар қарори қабулкардаи Сенат.

«МИР»

Гурҷистон. Муноқиша дар парламент

11Дар ҷаласаи парламенти кишвари Гурҷистон  байни намояндагони ҳукумат ва мухолифин муноқиша сар зад. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ва вакилон аз ҳизбҳои мухолиф хостанд бе иҷозат вориди ҷаласаи парламент шаванд. Онҳо талаб карданд, ки вакилон дар ҷаласа қазияи фавти оператори ширкати телевизионии «ТВ Привели» Александр Лашкаравро баррасӣ кунанд. Ба монеа гаштани муҳофизон нигоҳ накарда, тазоҳургарон ба зӯрӣ вориди толори ҷаласа шуданд ва кӯшиш карданд, ки талаботи худро ба миён гузоранд.

«Газета. RU»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»