Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№100 (4362) 03.08.2021

Қатар. Интихоботи нахустин ба шӯрои машваратӣ

КатарМоҳи октяб­ри соли ҷорӣ дар Қатар, бори аввал дар таърихи мамлакат интихоботи Маҷлиси Шӯро баргузор хоҳад гашт. Сокинони кишвар аъзои мақоми олии машваратии ҳокимияти давлатиро интихоб менамоянд.

То ин вақт дар Қатар танҳо интихоботи мунитсипалӣ доир мегардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давлат фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ манъ аст. Соли 2003 Конститутсияи нави мамлакат қабул гардид, ки тибқи он аз 45 вакили мардумӣ 30 нафар аз тариқи раъй­диҳӣ интихоб мегардиданд ва15 нафари онҳоро амир таъин мекард.

Бояд нахустин интихобот ба Маҷлиси Шӯро соли 2003 бояд баргузор мешуд. Аммо онро якчанд маротиба ба вақти дигар гузарониданд, яъне, аввал ба соли 2010, сипас ба солҳои 2013 ва 2019.

 «Парламентская газета»

Молдова. Раиси нави парламент интихоб гардид

МалдоваДар Ҷумҳурии Молдова сарвари ҳизби «Фаъолият ва ҳамбастагӣ» Игор Грос раиси парламент интихоб шуд. Дар ин бора раиси Комиссияи вакилон оид ба интихобот Сергей Литвиненко ба хабарнигори «ТАСС» ­иттилоъ дод.

Ба тарафдории раиси нави парламент аксари вакилон овоз доданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки фраксияи ҳизби «Фаъолият ва ҳамбастагӣ» дар парламенти Молдова аксариятро ташкил мекунад. Мавқеи фраксияҳои «Коммунистону сотсиалистҳо» ва «Шор» дар мақоми олии қонунгузори мамлакат назаррас нест.

«ТАСС»

 

Қирғизистон. Вакилони парламент ихтисор мешаванд

КиргизДар парламенти Ҷумҳурии ­Қирғизистон қонунеро қабул карданд, ки тибқи он теъдоди вакилони мақоми олии қонунбарор аз 120 ба 90 нафар кам карда мешавад.

Дар баррасии лоиҳаи қонун 109 вакил ширкат варзида, 107 нафар ба тарафдории қабули қонун овоз доданд.

РИА «Новости»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»