Конференсияи панҷуми сарварони парламентҳо
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вена конференсияи панҷуми байналмилалии сарварони парламентҳо баргузор мегардад. Омодагӣ ба он дар мулоқоти муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев бо котиби генералии Иттиҳоди байнипарламентӣ Мартин Чунгонг баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрии сарварони парламентҳои ҷаҳон аз рӯи анъана дар панҷ сол як маротиба баргузор мегардад. Соли 2015 чунин ҳамоиш дар шаҳри Ню — Йорк доир шуд. Бинобар сабаби пандемияи коронавирус мулоқоти чоруми сарварони парламентҳо аз соли 2020 ба имсол гузаронида шуд.
Сомонаи «Межпарламентская ассамблея СНГ»
Раиси парламенти Тунис бистарӣ шуд
Раиси Ассамблеяи намояндагони мардумии Тунис, сарвари ҳизби «Ан – наҳда» Рашид Ганнуширо ба беморхонаи ҳарбӣ интиқол доданд. Тибқи хабарҳо, бад шудани вазъи саломатии вай ба авзои муташанниҷи ҷомеа – буҳрони сиёсии кишвар рабт дорад.
Мушовири Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ҷейк Салливан зимни мулоқот бо роҳбари Тунис Қайс Саид зарурати «баргаштани кишвари Тунис ба роҳи демократия» — ро таъкид намуд.
РТ «На русском»
Раиси нави Маҷлиси миллии Арманистон журналист интихоб шуд
Дар ҷараёни иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон даъвати ҳаштум, ки 2 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, интихоби раиси нав аз масъалаҳои асосӣ буд. Вакилони ҳар се фраксияи парламент номзадҳояшон — Ален Симонян, Мхитар Закарян ва Артур Саркисянро ба ин вазифа пешниҳод карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти парламент, дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида, ки дар он аз 107 вакил 71 нафар иштирок карданд, Ален Симонян Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуд. Вай 5 январи соли 1980 таваллуд шуда, хатмкардаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Ереван мебошад. Ӯ муддате ба фаъолияти журналистӣ низ машғул шуда, соли 2018 вакили парламент интихоб гардид.
Сомонаи «Межпарламентская ассамблея СНГ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»