Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№ 11.10.2021

Рӯзи баргузории ҷаласаи нахустини Думаи давлатӣ муайян гардид

1Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ҷаласаи нахустини пленарии Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия даъвати ҳаштум 12 октябри соли равон доир мегардад.

- Қарори Роҳбари давлат имкон медиҳад, ки вакилони навинтихобшуда муҳлати якмоҳаи баъд аз интихоботро интизор нашуда, ба фаъолият оғоз кунанд, — гуфт Раиси палата Вячеслав Володин.

Мавриди зикр аст, ки 17 – 19 сентябри соли ҷорӣ интихоботи вакилон ба Думаи давлатӣ баргузор шуд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи он Ҳизби Россияи ягона — 324 ҷой, Ҳизби коммунисти ФР – 57 ҷой, Россияи адолатхоҳ — барои ҳақиқат — 27 ҷой, Ҳизби либералӣ-демократӣ – 21 ва Ҳизби «Одамони нав» — 13 ҷойро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, намояндаи Ҳизби «Платформаи шаҳрвандӣ» соҳиби як ҷой гардид.

Зимнан, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки ба парламенти нав ворид шуданд, гуфт, ки бори аввал баъди чандин солҳо аъзои панҷ ҳизб вакили Думаи давлатӣ шуданд, ки ин аз раванди демократии интихобот дарак медиҳад.

«Известя. Ру»

 

Япония ба интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад

2Дар Япония 31 октябри соли ҷорӣ баргузории интихоботи умумӣ ба палатаи поёнии парламенти мамлакат дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора раиси Ҳизби либералӣ — демократии Япония Фумио Кисида ба хабарнигорон иттилоъ дод. Қайд гардид, ки фаъолияти палатаи намояндагон рӯзи 14 октябр, баъди баргузор шудани ҷаласаи ғайринавбатӣ, қатъ мегардад.

Сомонаҳои «Известия.ру», «Мир»

 

Иттифоқи либералии «Якҷоя» дар интихоботи парлумон ғолиб омад

4Дар Ҷумҳурии Чехия натиҷаи расмии интихоботи парламентӣ, ки 9-10 — уми соли равон доир шуд, маълум гардид.

Дар он Иттифоқи либералии «Якҷоя» («Вместе») ғалаба ба даст овард. Ҳаракати марказии АНО (ANO), ки ба он Сарвазири феълии мамлакат Андрей Бабиш роҳбарӣ мекунад, ба ҷойи дуюм фаромад. Дар ҷойи сеюм эътилофи ҳизби пиратҳо ва ҳаракати «Пиронсолӣ ва соҳибихтиёрӣ» қарор дорад. Ба ҳайати парламенти Чехия, ҳамчунин, аъзои ҳаракати «Шаккокони аврупоии «Озодӣ ва демократияи рост» (евроскептическое движение «Свобода и прямая демократия») ворид шуданд.

 «Известия.ру»

 

Экологҳои Аврупо мехоҳанд қонуни нав қабул шавад

5Як қатор ташкилоту ҳаракатҳои экологии Аврупо нақша доранд, ки рекламаҳои ширкатҳои авиатсиониро роҷеъ ба хизматрасониҳояшон манъ кунанд. Ин, пеш аз ҳама, ба ширкатҳое дахл дорад, ки онҳо зимни хизматрасонӣ аз ангишт, маҳсулоти нефтӣ ва дигар сӯзишвориҳое, ки гази зиёд хориҷ карда, ҳаворо ифлос менамоянд.

Муҳофизони табиат барои дастгирии иқдом ва таҳияи лоиҳаи нави қонун ба ҷамъоварии имзо сар карданд. Чунин иқдом аллакай дар Амстердам амалӣ гаштааст. Дар Фаронса ва Шведсия низ ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъди ҷамъоварии беш аз ду миллион имзо аз ҷониби шаҳрвандони ҳафт кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи аврупоӣ вазифадор мегардад, ки ин масъаларо баррасӣ карда, вобаста ба он лоиҳаи қонунро таҳия ва ба Парламенти Аврупо пешниҳод намояд.

 РИА «Новости»

Экологҳои Аврупо мехоҳанд қонуни нав қабул шавад

3Дар ин бора Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин маълумот дода, гуфтааст, ки синни миёнаи вакилони навинтихобшуда (даъвати ҳаштум) аз синну соли вакилони даъвати пештара як сол зиёд аст.

Синну соли миёнаи мардон дар даъвати ҳаштум 53,4 ва аз занҳо 51,8 мебошад. Ҳамчунин, дар даъвати нав ҳафт вакили 30-сола, 53 вакил 30-39 — сола ва 126 вакил аз 60-сола боло фаъолият мекунанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»