Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№146 (4408) 07.12.2021

Володин аз нав раиси АП СААД интихоб шуд

ВолодинДар ҷаласае, ки ба ин муносибат баргузор гардид, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ален Симонян номзадии Вячеслав Володинро ба раисии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пешниҳод кард.

Онро иштирокчиён — намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқис­тон, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Россия якдилона ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷаласа ба сифати нозир намояндаи Сербия ҳузур дошт, вакилони Хитой, Куба, Эрон, инчунин, бори аввал Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи фосилавӣ ширкат варзиданд.

Маврид ба зикр аст, ки Вячеслав Володин бори аввал ба ин вазифа соли 2016 ва бори дуюм соли 2019 интихоб гардида, ҳоло барои се соли оянда АП СААД — ро раисӣ мекунад.

Сомонаи Думаи давлатӣ

 

Баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон

Пар Кирг28 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи парламентӣ доир гардид. Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии кишвар, ҳизби ҳокими «Ата Журт Киргизстан» («Ватанам Қирғизис­тон») пешсафи маъракаи интихоботӣ мебошад ва қисми зиёди овозҳоро соҳиб гаштааст. Умуман, аз 21 ҳизби сиёсие, ки дар Қирғизистон фаъолият мекунанд, намояндагони шаш ҳизб ба Жогорку Кенеш (парламент) роҳ ёфтанд.

Известия.ру

 

Агар лоиҳаи қонун дастгирӣ ёбад…

АгарАгар лоиҳаи нави қонуне, ки ба Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия пешниҳод шудааст, аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёбад, аз соли нави 2022 шаҳрвандони мамлакат ҳар моҳ 10000 рублӣ ёрдампулӣ мегиранд. Ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони ҳизби «Справедливая Россия» сурат гирифтааст.

Агар қонун қабул шавад, он давра ба давра мавриди амал қарор мегирад. Нахустин шуда, оилаҳое, ки фарзандони ноболиғро тарбия мекунанд, ҳаққи гирифтани ёрдампулиро ба даст меоранд. Сипас, ба нафақахӯрон имтиёз дода мешавад. Дар оянда дигар табақаҳои ҷомеа низ ҳар моҳ ёрдампулӣ мегиранд.

«Ин иқдом ба хотири баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии аҳолӣ пеш гирифта шудааст. Бо вуҷуди он ки мухолифон ҳам ҳастанд, барои ҷорӣ кардани ин кор сарчашмаи маблағгузорӣ низ пайдо шудааст», — гуфтааст сарвари ҳизби «Справедливая Россия» Сергей Миронов.

Сомонаи «Агенства бизнес новостей» (АБН)

 

Такмили қонунгузорӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон

gfhДар ҷаласаи бисту якуми пленарии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон вакилон тағйирот ба якчанд қонунро оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон ҷонибдорӣ карданд.

Тибқи санадҳои такмилшуда, вазорату идораҳои масъули шуғли аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки пеш аз ҳама, занонеро, ки дар вазъи мушкили иҷтимоӣ қарор доранд, бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустии мамлакат барои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ, муоина ва ташхиси модарону кӯдакон бояд тадбирҳои иловагӣ андешад.

Сомонаи «Ассамблеяи парламентии ИДМ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»