Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№ 24.12.2021

Пешниҳоди вакил барои ҷашни Соли нав

- Дар Россия рӯзҳои таҷлили Соли нави 2022 фурӯши машруботи спиртиро ба хотири риояи манфиатҳои умумӣ маҳдуд кардан лозим аст. Шароб дар арафаи Соли нав харобкунандаи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст. Ҳама чизро танҳо ба дасти соҳибкорон гузош­тан ғайриимкон аст, зеро вазъият торафт сангинтар мешавад, — гуфт узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Султон Ҳамзаев.

Ӯ таъкид менамояд, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон чораҳои мушаххас, ба монанди маҳдуд кардани фурӯши машруботи спиртӣ, андешидан лозим аст. «Ин муҳим аст, зеро баъзе аз шаҳрвандон меъёри нӯшиданро аз даст медиҳанд», — гуфт ӯ ва пешниҳод кард, ки чорабиниҳои солинавӣ дар кинотеатрҳо, театрҳо, осорхонаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва комплексҳои варзишӣ бояд ройгон бошанд.

РИА «Новости»

Вакилон аз мошини хидматӣ маҳрум мешаванд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизис­тон Содир Ҷабборов «Дар бораи тадбирҳои беҳсозии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ, боло бурдани самари истифодаи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ» фармон ба имзо расонд.

- Он барои вакилони парламенти кишвар низ баъзе аз маҳдудиятҳоро пешбинӣ мекунад. Масалан, қаб­лан ба вакилони парламент ҷубронпулӣ барои манзил пардохт мешуд. Бо ин фармон мошинҳои хидматӣ, ҷубронпулӣ истисно шуда, манзилҳои хидматии мавҷуд байни вакилоне, ки манзил надоранд, тақсим мешавад, — таъкид кардааст дафтари матбуотии Президент.

Танҳо ба вакилоне, ки мошини шахсӣ надоранд, ҳамчунин, ба Президент ва муовинони ӯ мошини хидматӣ дода мешавад. Маоши вакилон низ кам карда мешавад.

Известия.ру, «Спутник»

 Дар Думаи давлатӣ маоши ёварони вакилонро зиёд карданианд

Дар Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия лоиҳаи қонуне аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт, ки тибқи он, бояд маоши ёрдамчиёни вакилон ва сенаторон зиёд карда шавад. Афзоиши музди меҳнати онҳо то 20 фоиз дар назар дошта шудааст. Дар шарҳи пешниҳод қайд шудааст, ки баъди тағйирот даровардан ба Конститутсияи Федератсияи Россия ваколати намояндагони мардум васеъ ва талабот барои сифати корҳо зиёд гардидааст. Барои ин ёрдамчиёни онҳо низ бояд шахсони босаводу соҳибтахассус бошанд.

Алҳол ёрдамчии вакили Думаи давлатӣ 300 ҳазор рубл маош гирифта, тибқи қарори нав, то ба 387 ҳазор рубл мерасад.

РИА «Новости»

 Интихоботи парламентӣ дар Лубнон

Бо пешниҳоди Сарвари давлати Лубнон Мишел Аун интихоботи вакилон ба парламенти мамлакат аз моҳи марти соли 2022 ба моҳи май гузаронида шуд. Дар ин бора вай зимни мулоқот бо роҳбарони нашрияҳои чопӣ дар қасри «Баабда» изҳорот дода, овозаҳоро роҷеъ ба ҷорӣ кардани шакли президентии идораи давлат рад кард.

Ду моҳ пештар парламенти якпалатагии Лубнон қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он, дар мамлакат 27 марти соли 2022 бояд интихобот доир карда мешуд. Аммо, Президент онро рад карда, пешниҳод намуд, ки ба қонун тағйирот ворид намоянд. Аммо вакилон пешниҳоди сарвари мамлакатро напазируфтанд.

Вазири корҳои дохилии Лубнон Бассам Мавлавӣ дар ин робита изҳор дошт, ки мақомоти онҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ камаш се моҳ бояд омодагӣ гиранд. Ҳамин тавр, вақти баргузории интихобот моҳи май муқаррар гардид.

ТАСС

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»