Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№12 (4432) 22.01.2022

Туҳфаи раиси парламент ба рӯзноманигорон

ТухфаРаиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба муносибати Рӯзи матбуоти Россия, ки ҳар сол 13 январ таҷлил мегардад, як гурӯҳ журналистонро барои инъикоси фаъолияти парламент қадрдонӣ кард.

«Думаи давлатӣ аз дигар ниҳодҳои давлатӣ дида, бештар бо ҳамкории  намояндагони воситаҳои ахбори омма ниёз дорад. Ҳоло фаъолияти парламентро беш аз ҳазор журналист инъикос менамояд. Ин имкон медиҳад, ки  корҳоямонро хубтар иҷро карда, нерумандтар шавем», — изҳор намуд Вячеслав Володин зимни тақдими мукофотҳо.

 РИА Новости

Ҷаласаи тӯлонӣ дар парламенти Чехия

 ЧехияҶаласаи парламенти Чехия, ки дар он Сарвазири мамлакат Пётр Фиала бо изҳороти барномавӣ суханронӣ кард, беш аз 19 соат идома ёфт. Азбаски  барномаро бархе аз вакилони мухолиф дастгирӣ накарданд, баҳсу мунозираҳо тӯлонӣ шуд.

МИР, Известия. ру

Роберта Метсола — раиси нави Парламенти Аврупо

Роберта18 январи соли ҷорӣ Роберта Метсола ба ҷойи Давид Сассоли, ки чанде пеш бар асари беморӣ даргузашт, Раиси Парламенти Аврупо интихоб гардид. Вай пеш аз ин дар вазифаи муовини Раиси Парламенти Аврупо фаъолият мекард ва дар ҷаласаи ғайринавбатӣ аксар вакилон бо тарафдориаш овоз доданд.

«Роберта Метсола шаҳрванди Малта буда, соли 1979 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Малта ва риштаи ҳуқуқи Коллеҷи Аврупо мебошад», — омадааст дар сомонаи Парламенти Аврупо.

Парламенти Аврупо, РИА Новости

 

Ҷонибдории парламенти Ӯзбекистон аз рушди энергияи офтобию шамолӣ

 Кумита оид ба масоили рушди минтақаи наздиарали Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 13 январи соли равон зимни ҷаласа масъалаи истифодаи васеи энергияи офтобу шамолро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иншооти иҷтимоӣ ва манзили сокинони  Қароқалпоқистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Вакилон зикр карданд, ки захираи нефту газ торафт кам шуда, нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ афзуда истодааст. Ин ҷиҳат масъулонро водор мекунад, ки истифодаи васеи энергияи офтобу шамол ва дигар манбаъҳои барқароршавандаро ба роҳ монанд.

Тибқи иттилои сомонаи «Газета.уз», то соли 2030, бинобар рушди саноат ва афзоиши аҳолии Ӯзбекистон, талабот ба энергия дар кишвар ду маротиба зиёд мешавад. Аз ин рӯ, яке аз  роҳҳои зуд ва  бардавом таъмин кардани аҳолӣ бо неруи барқ истифодаи энергияи офтобу шамол аст. Бо ин мақсад соли равон барои дар  Қароқалпоқистон сохтани неругоҳҳои шамолии иқтидори умумиашон 1700 мегаватт созишнома ба имзо хоҳад расид.

Вакилон ба қарор омаданд, ки баҳри насби панелҳои офтобӣ ва неругоҳҳои шамолӣ барномаи мукаммал таҳия шавад. Таъкид гардид, ки баҳри ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ барои ворид, истеҳсол, насб ва истифодабарии таҷҳизоти офтобӣ ва шамолӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия», имтиёз пешбинӣ гардад.

Ба қавли вакилони ӯзбек, коҳиши талафоти барқ дар саноат ва баланд кардани самаранокии истифодабарии манбаъҳои энергия дар хоҷагиҳои манзилӣ — коммуналӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар бахшҳо яке аз муҳимтарин омилҳои рушди иқтисодӣ ба шумор меравад.

Аз рӯи маълумоти Вазорати энергетикаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли равон дар кишвар барои бунёди неругоҳҳои офтобии иқтидори умумиашон 1900 мегаватт шартнома ба имзо хоҳад расид. Соли 2023 — юм 4 неругоҳи офтобӣ ва 4 неругоҳи шамолӣ мутаносибан бо иқтидори 1097 МВт ва 1600 МВт ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳанд кард.

Б. КАРИМЗОДА,

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»