Охирин ҷаласаи Шӯрои Федератсия
Чанде пеш Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия охирин ҷаласаи пленарии иҷлосияи баҳориро гузаронд.
Тавре Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко иттилоъ дод, аз аввали сол дар 13 ҷаласаи палата беш аз 350 қонун мавриди баррасӣ қарор дошт. Вай натиҷаҳои фаъолияти ин давраро самаранок арзёбӣ карда гуфт, ки «Шӯрои Федератсия бори дигар исбот кард, ки ҳимоятгари боэътимоди манфиатҳои минтақаҳо мебошад ва дар ин самт корҳои мушаххасро анҷом медиҳад».
Сомонаи «Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ»
Раиси Парламент Президенти нави мамлакат мешавад
Раиси парламенти Шри-Ланка Маҳинда Япа Абейвардена сарвари нави давлат хоҳад шуд. Дар ин бора сарвари ҳизби «Конгресси мусулмонони Шри-Ланка» Рауф Ҳаким иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ҷаласаи фавқулодаи парламент, ки бинобар сабаби мавҷи эътирозҳои дар кишвар идомаёфта гузаронида шуд, ҳизбҳои сиёсӣ аз Сарвазир ва Президенти мамлакат даъват кардаанд, ки истеъфо диҳанд. Яке аз пешниҳодҳои эътирозгарон ҳам истеъфои Президенти мамлакат Готабай Раҷапакси мебошад.
«Известия. ру»
Дар Япония интихоботи парламент баргузор шуд
10 июли соли равон дар Япония интихоботи палатаи болоии парламент доир гардид.
Дар он Коалитсияи ҳукмрони Ҳизби либералӣ — демократӣ (63 ҷой) ва Ҳизби «Комэйто» (13 ҷой) қисми зиёди овозҳоро соҳиб шуданд. Дар парламент аъзои Ҳизби «Ассотсиатсияи эҳёи Япония» 12 ҷой, Ҳизби конститутсионӣ – демократӣ — 17, Ҳизби халқӣ – демократӣ — 5, Ҳизби коммунист — 4 ва Ҳизби «Рэйва Синсэнгуми» 3 ҷойро ишғол карданд. Ҳизбҳои сотсиал – демократӣ, NHK ва «Сансэтой» ҳар кадом соҳиби як ҷой дар парламент шуданд.
Аз номзадҳои умумии ба парламент роҳёфта 35 нафар вакил зан мебошанд, ки дар таърихи интихоботи палатаи болоии парламент ҳодисаи нодир аст.
«РИА Новости»
Парламенти Булғористон ба Ҳукумат изҳори нобоварӣ кард
Вакилони парламенти Булғористон ба аъзои ҳукумати коалитсионии таҳти сарварии Сарвазири кишвар Кирил Петков изҳори нобоварӣ карданд. Ба тарафдории ин қарор 123 вакил овоз доданд ва 116 нафар зид баромаданд.
Пеш аз ҷаласаи парламент вакилон ва аъзои ҳукумат дар як ҷаласаи алоҳида ҳашт соат баҳсу мунозира карданд. Ба фикри вакилони парламент Кирил Петков ва аъзои ҳукумати вай аз уҳдаи иҷрои вазифа набаромаданд. Аз ҷумла, ба ваъда дар бораи ғалаба бар зидди ришвагирӣ дар Булғористон вафо карда натавонистанд. Дастгирии ҳукумат аз санксияҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати Россия низ боиси коҳиш ёфтани интиқоли газ гардид.
«Известия. ру»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»