Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№№ 97 (4517) 05.08.2022

Пешниҳод: ба корманд дар рӯзи мавлуд истироҳат дода мешавад

ПешниходВакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Олег Матвейчев пешниҳод кард, ки дар рӯзи таваллуд ба корманд истироҳат дода шавад. Ин пешниҳодро ӯ ба Вазорати меҳнат низ манзур намуд.

- Дар Кодекси меҳнати Федератсияи Россия қайд шудааст, ки дар арафаи рӯзҳои ид вақти корӣ як соат кӯтоҳ мегардад, аммо чунин ҳавасмандӣ ба рӯзҳои таваллуд дахл надорад. Бинобар ин, ба Кодекси меҳнат тағйирот ворид карда шавад,- гуфтааст Олег Матвейчев.

Пештар аз ин Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин пешниҳод карда буд, ки ба Кодекси меҳнат роҷеъ ба кам кардани муҳлати рухсатии вакилон ва мансабдорон тағйирот бояд ворид кард.

РИА «Новости»

 

Сербия: Вакилон раиси парлумонро интихоб карданд

СербияВакилони Маҷлиси миллӣ (парламент)-и Сербия қарори раиси парлумон интихоб шудани Владимир Орличро қабул карданд. Дар ҷаласаи тантанавии парлумон куҳансолтарин вакил Владет Янкович изҳор ­дошт, ки аз 223 вакил 154 вакил ба ҷонибдорӣ аз номзадии Орлич, 75 вакил муқобили он раъй додаанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ соли 1983 дар Белгради Югославия таваллуд шуда, хатмкардаи факултети электротехникаи университети Белград ва дорои ихтисоси электротехника ва кибернетика мебошад. Узви ҳизби прогрессивии Сербия аст.

Ҳамчунин, зимни ҷаласа вакилони парлумон 7 муовини раиси Маҷлиси миллии Сербияро интихоб карданд.

Оҷонсии иттилоотии «Красная весна»

 

Парламенти аз ҳама хурдтарини ҷаҳон

ECkPHnYVUAAFoLcИёлоти Федеративии Мик­ронезия давлатест, ки дар ҷазираҳои Каролина воқеъ буда, дар он парламенти аз ҳама хурдтарин фаъолият мекунад. Парламенти якпалатагии ин кишвар аз 14 вакил иборат аст, ки чор нафари онҳо аз ҳар як иёлат якнафарӣ ба муҳлати чор сол ва 10 нафари дигарро дар ҳавзаҳои якмандата ба муҳлати ду сол интихоб мекунанд. Аъзои парламент узви ягон ҳизб нестанд, зеро дар ин кишвар ҳизби сиёсӣ вуҷуд надорад. Аҳолии Микронезия беш аз 100 ҳазорро ташкил мекунад.

Сомонаи «ЦИК Россия»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»