Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№126 (4546) 10.10.2022

НафакаНафақа зиёд мешавад

Муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иҷтимоии Думаи давлатии Федератсияи Россия Елена Бибикова дар мусоҳиба бо хабарнигори «Парламентская газета» гуфт, ки аз 1 январи соли 2023 нафақаи шаҳрвандони кишвар зиёд мешавад.

«Бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ ин масъала дар парламент гузошта шудааст ва дар яке аз ҷаласаҳои соли равон дида баромада мешавад. Алҳол маълум нест, ки он чӣ қадар афзоиш меёбад, аммо дар назар аст маблағи иловагӣ на бояд камтар аз ҳазор рубл бошад. Аъзои парламент зимни баррасии қонун дар бораи буҷети соли 2023, ки алҳол таҳия мегардад, масъалаи зикршударо низ дар мадди назар гирифтаанд» — шарҳ додааст Елена Бибикова.

«Парламентская газета» 

доруДорухати электронӣ тавассути интернет

Ҳамчунин, ба Думаи давлатии Федератсияи Россия лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд, ки ба масъалаи харидории дору тавассути интернет бахшида шудааст. Тавре дар ҳуҷҷат омадааст, ин кор танҳо бо дорухати духтурон анҷом дода хоҳад шуд ва он дар яке аз ҷаласаҳои наздиктарин мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бино ба гуфтаи роҳбари Шӯрои мумайизон оид ба масъалаҳои танзими гардиши маҳсулоти доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ вакил Александр Петров, даво ва маҳсулоти тиббиро тавассути интернет бо ёрии дорухати электронӣ харидорӣ кардан мумкин аст. Бо ин дорухати электронӣ ва пешниҳоди шиноснома, мизоҷ аз дорухона метавонад доруи заруриро дастрас намояд. Ин тарзи кор имкон медиҳад, ки пеши роҳи дорухатҳои қалбакии коғазӣ гирифта шавад.

«Парламентская газета» 

1067352Саммити парламентҳо дар Индонезия

Дар Индонезия Саммити раисони парламентҳои мамлакатҳои «Бистгонаи бузург» оғоз ёфт. Намояндагони Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко дар ин ҳамоиш иштирок менамоянд.

«Мо метавонем дар мамлакат амният ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандонамонро таъмин намоем ва истиқлолиятамонро таҳким бахшем», — гуфт аз ҷумла зимни суханронӣ дар Саммит Валентина Матвиенко.

«МИР»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»