Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№ 28.10.2022

Дилрабо Мансурӣ — роҳбари гурӯҳи нозирони ассамблеяи байнипарлумонӣ

ДилрабоРаиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) Валентина Матвиенко ба фармоиш дар бораи таъини муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба ҳайси роҳбари гурӯҳи нозирон аз АБ ИДМ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 20 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, имзо кард. Гурӯҳ аз ҳисоби намояндагони давлатҳои аъзои АБ ИДМ, кормандони котиботи АБ ИДМ ва мумайизони Институти байналмилалии мониторинги рушди демократияи АБ ИДМ созмон дода мешаванд.

Сомонаи АБ ИДМ

 Омодагӣ ба конгресси байналмилалии экологӣ

конгрессБино ба иттилои сомонаи АБ ИДМ, ба пешвози даҳумин Конгресси экологии Невск, ки моҳи майи соли 2023 баргузор хоҳад гашт, машварати корӣ доир гардид. Дар он, ки аз тариқи фосилавӣ сурат гирифт, намояндагони Котиботи Шӯрои АБ ИДМ, Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Фонди «Росконгресс» иштирок карда, масъалаҳои ҳайати кумитаи ташкилӣ, барномаи конгресс, чорабиниҳои дар доираи ҳамоиш доиршаванда, ташкили намоишгоҳ ва аксияи экологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сомонаи АБ ИДМ

 Парламенти Шветсия сарвазири навро тасдиқ кард

шветсияАъзои парламенти Шветсия ба тарафдории Сарвазири нави мамлакат – Улф Кристерссон овоз доданд. Вай сарвари Ҳизби эътилофии муътадил мебошад. Дар овоздиҳӣ ба тарафдории роҳбари нави Ҳукумати Шветсия 176 вакил ва муқобили вай 173 вакил овоз доданд. Акнун дар парламенти мамлакат намояндагони эътилофи мазкур бо 49,5 фоиз ҷои сеюмро ишғол мекунанд. Дар ҷои аввал намояндагони Ҳизби коргарии сотсиал – демократӣ (107 ҷой), ҷои дуюм Ҳизби демократҳои Шветсия (73 ҷой) қарор доранд.

МИР

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»