Ҳизби ҳокими Полша дар интихобот ғолиб омад
Чанде пеш дар Полша интихоботи парламентӣ доир гардид, ки дар он мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ, ҳизби ҳокими «Ҳуқуқ ва адолат» — и Ярослав Качинский бо дарёфти 43,59 фоизи овозҳо ғолиб омад. Аъзои ин ҳизб дар Сейм аз 460 ҷой соҳиби 235 мандат шуданд.
Неруҳои мухолифи «Коалитсияи шаҳрвандӣ» бо гирифтани 27,4 фоизи овозҳо дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Онҳо дар парламент 134 ҷойро банд карданд. Ҳамзамон, намояндагони «Иттифоқи демократҳои чап» бо гирифтани 39 ҷой, «Ҳизби деҳқонони Полша»- 30, Иттиҳоди миллатгароёни «Конфедератсия» бо 11 ҷой ба парламент роҳ ёфтанд. Тибқи қонунгузории Полша, намояндаи «Ақаллиятҳои немис» низ аъзои парламент гардид.
«ТАСС»
700 номзад барои 110 ҷой сабқат мекунанд
Дар Ҷумҳурии Беларус 17 ноябри соли ҷорӣ интихоботи Палатаи намояндагон доир мегардад. Тибқи хабарҳои расида, айни ҳол номзадии 700 нафар ба вакилии парламент ба қайд гирифта шудааст, ки барои 110 ҷой мубориза мебаранд. Аз ҷумла, 424 нафар аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, ки 107 нафари онҳо аз Ҳизби либерал – демократӣ мебошанд.
Раиси Комиссияи интихоботии Беларус Лидия Ермошина хабар додааст, ки бештар аз се як ҳиссаи номзадҳоро вакилони айни ҳол дар парламент фаъолияткунанда ташкил медиҳанд.
- Агар вакилони имрӯза бори дигар ба парламент роҳ ёбанд, аз таҷрибаи онҳо вакилони нав метавонанд истифода баранд,- мегӯяд ӯ.
«Комсомольская правда»
Бинои парламенти Арманистон зеботарин эътироф шуд
Айни ҳол бинои мақомоти қонунбарори Венгрия аз ҷиҳати меъморӣ дар байни 10 бинои зеботарини парламентҳои ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад. Бино ба хабари Агентии «Новости Армения», бинои Шӯрои Маҷлиси миллии Арманистон низ ба ин рӯйхат ворид гардидааст ва дар ҷойи чорум қарор дорад. Бинои парламенти Арманистон, ки соли 1950 бунёд ёфтааст, дар ибтидо ба Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ тааллуқ дошт. Соли 1991 дар ин бино парламент ҷой гирифт.
Бинои парламентҳои Руминия, Трининида ва Тобаго, Ангола, ИМА, Ҳиндустон, Канада ҳам аз ҷумлаи зеботаринҳо маҳсуб меёбанд.
«Парламентская газета»
25 миллион доллар барои интихоботи парламентӣ
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумоние, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар назар аст, аз буҷаи давлат наздик ба 25 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Аз ҷумла, барои омодагӣ ва баргузории интихоботи Палатаи қонунгузори Олий маҷлиси 10,2 миллион, омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 4,8 миллион, баргузории чорабиниҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва маъракаи номзадҳо 4,9 миллион ва хариди дастгоҳҳои зарурӣ, мол ва дигар хизматрасониҳои Комиссияи марказии интихоботӣ 4,3 миллион доллар ҷудо мегардад.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон хабар додааст.
«Радиои Озодӣ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»