Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№138 (4088) 16.11.2019

Вакилон  ба дидорбинии Отамбоев рафтанд

1Якчанд вакили парламенти Қирғизистон  ба дидорбинии собиқ Президенти мамлакат Алмосбек Отамбоев ба боздоштгоҳ рафтанд. Яке аз онҳо — Ирина Карамушкина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки «Отамбоев ба мутолиаву варзиш машғул аст». Зимни суҳбат Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки  «Барои бачаҳое, ки боздошт шудаанд, бештар нигаронам. Онҳо гуноҳ надоранд, ҳама Президенти пешинро аз беқонунӣ ҳифз карданд ва 8 август ба деҳаи Кой-Тош ба он хотир рафтанд, ки ба амалҳои ҷиноии мақомот зиддият нишон диҳанд». Ин дар ҳолест, ки додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла, дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард.

«Ведомости»

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Британия

2Вакилони парламенти Британия ҷонибдорӣ карданд, ки 12 декабри соли равон дар кишвар интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шавад.  Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонуни марбут ба интихоботи пеш аз муҳлат 438 вакили парлумон — ҳам намояндагони ҳизби ҳокими муҳофизакор ва ҳам ҳизби мухолифи коргар раъй доданд. Лоиҳаи қонунро бояд палатаи лордҳо низ ба тасвиб расонад ва интизор меравад он зид нахоҳад баромад.

Сарвазири Британия Борис Ҷонсон интихоботи пеш аз муҳлатро ягона роҳи баромадан аз бунбаст медонад, ки дар робита ба ихроҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо ба миён омадааст.

Дар ниҳоят, Иттиҳоди Аврупо розӣ шуд, ки санаи хориҷи Британия то 31 январи соли 2020 ба таъхир гузошта шавад. Ҷонсон мегӯяд, ки дар ин муҳлат бояд парламенти нав интихоб гардад. Дар сурати пирӯзии муҳофизакорон созишномаи хориҷ шудани Британия аз иттиҳод ба тасвиб хоҳад расид.

«Озодӣ»

Таҳримҳои ИМА ба сулҳу амният мусоидат намекунад

3Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) Пак Тхэ Сон зимни мулоқот бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар шаҳри Москва иброз дошт, ки «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва баъзе аз кишварҳои Аврупо зидди давлатҳое, ки мехоҳанд сиёсати худро мустақилона пеш баранд, сиёсати ҷорӣ намудани таҳримҳо ва ҷангҳои иқтисодиро пеш гирифтаанд, ки боиси шиддат ёфтани муносибатҳо мегардад. — Аз ҷумла, — гуфт ӯ, — нисбат ба Россия, Хитой, Венесуэла, Куба, Туркия ва чанд давлати дигар чунин сиёсат раво дониста шудааст.

- «Мо мехоҳем бо кишварҳое дар роҳи рушду субот қадам занем, ки сулҳхоҳанд», — афзуд Пак Тхэ Сон. Вячеслав Володин бо тасдиқи ин гуфтаҳо иброз дошт, ки бояд муносибатҳоро дар заминаи ҳамкориҳои зичи тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монд.

«Парламентская газета»

Интихобот дар палатаи болоии Маҷлиси миллии Беларус ҷамъбаст гардид

4Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Беларус натиҷаи интихоботи аъзои Шӯрои ҷумҳурии (палатаи болоӣ) Маҷлиси миллии кишварро тасдиқ кард. Он 7 ноябри соли ҷорӣ баргузор  гардид ва 56 сенатор ҳамчун узви Шӯро ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботӣ, Президенти мамлакат метавонад ба  аъзогии Шӯро боз ҳашт нафарро пешниҳод намояд.

Иҷлосияи нахустини палатаи болоии парламенти Беларус дар даҳаи аввали моҳи декабр баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки интихоботи умумихалқӣ ба палатаи поёнии (палатаи намояндагони) Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус 17 ноябр гузаронида шавад. Дар интихобот барои 110 ҷой қариб 250 номзад ба вакилӣ мубориза мебаранд.

 «Парламентская газета»

Дар Думаи давлатӣ ба Калашников арҷ гузоштанд

6-7«Калашников» дар ҷаҳон беҳтарин яроқи автоматӣ маҳсуб меёбад. Дар аксар кишварҳои дунё одамон зимни муноқиша ва ҷангҳо аз он истифода бурдаанд ва мебаранд. Тавассути ин силоҳ миллионҳо одам қурбон гаштааст.

Ихтирои ин яроқро ба Михаил Тимофеевич Калашников, яке аз конструкторони машҳури Россия, мансуб медонанд.

Дар Думаи давлатии Федератсияи Россия 12 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 100 – солагии  Михаил Калашников намоиши аксҳо доир ба таърихи сохтани автомати Калашников доир гардид.

«Парламентская газета»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»