Аз фаъолияти парламенти ҷаҳон

№148 (4568) 29.11.2022

Иқдоми дума дар бораи манъи амалҳои ғайриахлоқӣ

ИкдомДар ҷаласаи чанд рӯз пеш баргузоршудаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия роҷеъ ба манъи тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавии маҳрамона ва дигар амалҳои ғайриахлоқӣ қонун қабул карда шуд. Муаллифони лоиҳаи қонун Раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин, роҳбарони ҳамаи фраксияҳо ва беш аз 300 вакили парламент мебошанд.

Мувофиқи ин қонун, намоиши филму наворҳое, ки амалҳои ғайриахлоқиро тарғиб мекунанд, хусусан барои шаҳрвандони аз 18 — сола поён, маҳдуд карда мешавад. Барои риоя накардани талаботи қонун ҳаҷми ҷарима аз 50 то 400 ҳазор барои шаҳрвандон, аз 100 то 800 ҳазор барои шахсони воқеӣ ва аз 800 то 5 миллион рубл барои шахсони ҳуқуқӣ муқаррар шудааст. «Мо ба хотири оилаҳои солим ва ҷомеаи солим чунин иқдомро пеш гирифтем. Роҳи мо дигар аст, ки онро гузаштагонамон – бобою бибиҳоямон интихоб карда буданд. Барои таҳкиму солимии оилаҳо ва муомилаю муносибатҳои нек анъанаҳои хуб дорем ва онҳоро бояд эҳё ва ҷорӣ намоем», — таъкид кард В. Володин.

«ТАСС»

 

Рӯзи интихоботи парламент муайян шуд

руз интихобДар Ҷумҳурии Қазоқистон 14-уми январи соли 2023 интихоботи вакилони палатаи ­болоии парламенти мамлакат доир мегардад. Дар ин бора 26-уми ноябри соли равон фармони Президенти ҷумҳурӣ Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расид. Баргузории интихоботи палатаи поёнӣ ва органҳои намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ моҳи июни соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

«МИР»

 

Навхонадорон 20 ҳазор евро мегиранд

НавхонаҲизби «Лига»-и Италия ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро пешниҳод кард, ки тибқи он, ҷавононе, ки тавассути ибодатгоҳ ақди никоҳ мебанданд, соҳиби 20 ҳазор евро мегарданд. Ин тадбир ба хотири он андешида мешавад, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба иттиҳодияҳои динӣ зиёд шуда, фаъолияти онҳо густариш ёбанд.

Солҳои охир теъдоди иттиҳодияҳои динӣ дар мамлакат 67,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Аммо маблағи зикршударо на ҳама навхонадорон метавонанд дарёфт кунанд. Ин 20 ҳазор евро ба ҷавононе дода мешавад, ки синну солашон аз 35 поён буда, даромади онҳо аз 23 ҳазор евро зиёд набошад ва онҳо ҳатман даҳ соли охир шаҳрванди мамлакат бошанд.

«Российская газета»

 Ёдгориҳои таърихӣ дар зери бинои парламент

ЁдгорАрхеологҳо дар зери бинои қасри Вестминстеркий, воқеъ дар шаҳри Лондон, ки дар он ҷаласаҳои парламент мегузарад, деворҳои қадимаро пайдо карданд, ки ба асри миёна тааллуқ дорад. Мутахассисони Осорхонаи археологияи Лондон зимни таъмири бинои таърихӣ дар панҷ соат дар 160 ҳуҷраи қаср замини зербиноро ба масофаи 70 метр кофтанд ва дар зери замин деворҳои вайронаи аз санг сохташударо пайдо карданд. Онҳо баъди таҳқиқот хулоса карданд, ки деворҳои қадима ҳангоми давлатдории шоҳи англис Эдуарди 1 (1272 – 1307) сохта шудаанд.

Раисони ҳар ду палатаи парламент ин бозёфтҳоро муҳим арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки онҳо бояд муҳофизат карда шаванд.

«ТАСС»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»