Мулоқот бо вакилони бундестаги Олмон
Чанде пеш дар бинои Парламент (Бундестаг)-и Олмон мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо вакилон ва раиси Гурӯҳи байнипарлумонии Олмону Осиёи Марказӣ дар Бундестаг Манфред Грунд баргузор гардид.
Дар он, баробари гуфтугӯ доир ба сатҳи кунунии робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Олмон, ҳамчунин, таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, соҳаи туризму ҳифзи муҳити зист, инчунин тақвияти ҳамоишҳои вакилони парлумони ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкории зич ҷиҳати муаррифии бештари зарфиятҳои иқтисодиву сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ба паёмадҳои тағйирёбиии иқлим дар Осиёи Марказӣ иқдом намуда, бо баргузории ҳамоишҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои интихобии вакилон, ворид сохтани Тоҷикистон ба барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва табодули таҷриба миёни вакилони ҳар ду кишвар чораҳои мушаххас меандешанд.
«Садои мардум»
Пул нагиред, гул майлаш
Тибқи лоиҳаи қонуне, ки Ҳукумати Россия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, дар кишвар барои муаллимон, духтурон ва дигар кормандони муассисаҳои давлатӣ гирифтани туҳфа ба ҷуз гул манъ мегардад. Ин аз ҷумлаи тадбирҳои зиддикоррупсионӣ аст, ки дар Россия амалӣ хоҳад шуд.
25 декабри соли ҷорӣ аз қабули Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи фаъолияти зиддикоррупсионӣ» даҳ сол пур мешавад. Айни ҳол, мутобиқи моддаи 573 Кодекси граждании Федератсияи Россия, арзиши туҳфаҳое, ки ба кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дода мешаванд, на бояд аз 3 ҳазор рубл зиёд бошад.
«Роҳзанҳо» мехоҳанд ба парламент роҳ ёбанд
Дар Исландия, зимни интихоботи пеш аз муҳлати парламентӣ, барои 63 ҷой 12 ҳизби сиёсӣ мубориза мебарад. Аз раванди интихобот маълум мегардад, ки ҳизбҳои истиқлолият ва пешрафт мандатҳои зиёдеро аз даст медиҳанд.
Айни замон аъзои Ҳизби роҳзанҳо (Пиратская партия) мекӯшанд, ки ба Парламент роҳ ёбанд.
- Мо Исландияро тағйир доданӣ нестем. Танҳо онро ба асри XXI баргардонда, корҳоро ба таври дигар ба роҳ монданием, — изҳор намудааст асосгузори ин ҳизб Б. Йонсдоттир.
Ҳизби адолатхоҳ дастболо гардид
Дар шоҳигарии Марокаш интихоботи вакилон ба палатаи поёнӣ баргузор шуд. Ҳизби адолатхоҳ ва рушд 125 ҷойро дар Парламент соҳиб гардида, мақоми пешсафиро ишғол кард.
Парламенти шоҳигарии Марокаш аз 395 вакил иборат аст.
Футболбозии вакилон дар толори маҷлисгоҳ
Сарвари Палатаи ҷамъиятҳои Британияи Кабир Ҷон Беркоу ба якчанд вакили парлумон барои футболбозӣ дар толори маҷлисгоҳ танбеҳ эълон намуд. Вай ин рафтори аъзои парлумонро дар толори таърихӣ, ки бозии худро ҳамзамон ба навор гирифтаанд, ғайри қобили қабул унвон кард.
Интихоботи пеш аз муҳлат
- Ҳизби ҳокими Молдова — Ҳизби демократ нақша дорад, ки моҳи марти соли 2019 интихоботи пеш аз муҳлати Президентро гузаронад, — изҳор намудааст сарвари Парламент, ноиби раиси Ҳизби демократи Молдова Андриан Канду.
Дар интихоботи қаблӣ, ки 13 ноябри соли 2016 доир шуд, Игор Додон ғолиб омада буд.
Ҳамчунин, 24 феврали соли 2019, гузаронидани интихоботи Парламенти Молдова дар назар аст.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»