Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№88 (4194) 21.07.2020

Вакилони Думаи давлатӣ роҳи нави ҳавасмандии шаҳрвандонро пешниҳод карданд

Дума- Шахсе, ки дар рафҳои мағоза маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро пайдо карда, ба идора ва мақомоти дахлдор хабар медиҳад, бояд ба ӯ мукофот дода шавад, — пешниҳод кард вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Василий Власов.

Дар ин бора вакил бо мактуб ба роҳбари «Роспотребнадзор» Анна Попова низ муроҷиат намуд. Амалӣ  гаштани ин иқдом шаҳрвандонро барои саҳм гузоштан дар таъмини сифати молу маҳсулот фаъол мегардонад. Айни ҳол агар дар мағоза нозирон молу озуқавории муҳлаташ гузаштаро пайдо кунанд, соҳиби он  аз 20 то 30 ҳазор рубл ҷарима мешавад.

«Парламентская газета»

Тасмими вакилони Парламенти Либия

ЛибияПарламенти Либияи Шарқӣ, ки Артиши миллии мамлакатро таҳти фармондеҳии Халифа Хафтар ҳимоя мекунад, ба Қувваҳои Мусаллаҳи Миср иҷозат дод, ки ба муноқишаҳои Либия дахолат кунад.

«Дар сурати таҳдид ба амнияти ду кишвар, артиши Миср ҳақ дорад баҳри таъмини амнияти шаҳрвандони Либия ва Миср, дахолат намояд», -  гуфта мешавад дар изҳороти Палатаи намояндагон. Лозим ба ёдоварист, ки каме пештар Хафтар барои аз кишвар хориҷ намудани артиши Туркия иқдом намуда буд.

РИА «Новости»

Интихоботи парламентӣ дар Сингапур

 

СингапурДар интихоботи вакилон ба Парламенти Сингапур, ки чанде пеш баргузор гардид, ҳизби ҳокими «Ҳаракати миллӣ» ғолиб баромад.

Он аз 93 ҷой ба 83 мандати вакилӣ соҳиб шуд. Ҳизби коргарӣ соҳиби 10 мандат шуд ва дар ҷои дуюм қарор дорад.

Сомонаи «Новости парламентов мира»

Арманистон. Ба кодекси меҳнат тағйирот ворид карда шуд

МаошЧанде пеш бо иқдоми вакилони фраксияи «Қадами ман» ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманис­тон баргузор гардид.

Дар он масъалаи ворид кардани тағйирот ба баъзе аз  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Кодекси меҳнат, баррасӣ гардид. Тибқи тағйирот, корхонаю муассисаҳо вазифадор мешаванд, ки минбаъд дафтарчаҳои меҳнатии кормандонро ба Идораи таъминоти иҷтимоӣ супоранд. Дар ин хадамот маълумоти дафтарчаи меҳнатӣ ба реестри электронии нафақа ворид гардида, собиқаи корӣ ҳисоб мешавад. Муҳлати ин амалиёт 15 моҳ муқаррар шудааст. Пештар, яъне соли 2015, тибқи тағйирот, ба Кодекси меҳнат аз дафтарчаҳои меҳнатӣ  маълумот дар бораи корманд дар реестри Вазорати меҳнат ба шакли электронӣ бояд қайд мегардид. Баъди ҷамъоварии маълумот дафтарчаи меҳнатӣ ба шаҳрванд супурда мешуд. Маълум гардид, ки бисёр корхонаю муассисаҳо супоришро дар муҳлати муқарраршуда иҷро накарданд. Бинобар ин, муҳлат тамдид гардид ва акнун барои сари вақт насупоридани дафтарчаҳои меҳнатӣ корхонаю муассисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Маркази матбуоти Парламенти Арманистон

Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон 44 ҳизб иштирок мекунанд

КиргизБино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Ҷумҳурии Қирғизистон,  намояндагони 44 ҳизб тасмим гирифтаанд дар интихоботи парламентӣ, ки 4 октябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад, иштирок намоянд.

«Ҳизбҳои сиёсӣ бояд то 29 август чорабиниҳояшонро гузаронида, рӯйхати намояндагонро барои номзадӣ ба  парламент тасдиқ карда фиристонанд», — гуфт сардори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Ҷумҳурии Қирғизистон  Нурҷон Шайлдабеков. Бино ба иттилои ӯ, аз 4 сентябр маъракаи тарғиботӣ оғоз меёбад.

Маркази матбуоти Парламенти Қирғизистон

Россия. Маоши нафақагироне, ки кор мекунанд, зиёд мешавад

Арман- Дар Федератсияи Россия  аз 1 августи соли ҷорӣ нафақагироне, ки кор мекунанд, ҳамроҳ бо пули нафақаашон маблағи иловагӣ мегиранд. Ин меъёр дар қонунгузорӣ оид ба нафақаи суғуртавӣ ворид карда шуд, — изҳор доштааст муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иҷтимоӣ Елена Бибикова ба хабарнигори «Парламентская газета». Иловапулиро идораҳои таъминоти иҷтимоӣ мувофиқи маблағи дар соли гузашта ба Фонди нафақа гузаронидашуда муайян менамоянд. Барои беҳбудии зиндагии нафақирон боз дигар тадбирҳо низ андешида мешавад, то вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодию иҷтимоӣ онҳо ба мушкилӣ дучор нашаванд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,  

«Садои мардум»