Яке аз террористони Брюссел фарроши Парлумони Аврупо будааст
Яке аз террористоне, ки таркишҳои 22 март дар Брюсселро ташкил кардаанд, дар парлумони Аврупо фаррош будааст. Зикр мегардад, ки он мард солҳои 2009-2010 тибқи шартномаи муваққат ҳамчун фаррош фаъолият намудааст, аммо парлумони Аврупо дар изҳороти худ номи ӯро ошкор накардааст.
Расонаҳо менависанд, ки эҳтимол он мард Наҷим Лаашрауи 25-сола аст.
Бинобар иттилои додситонии Брюссел, Наҷим 22 март худро дар фурудгоҳ тарконд. Ӯ, ҳамчунин дар омодасозии камарбандҳо бо насби маводи тарканда барои маргталабоне, ки 13 ноябри соли 2015 дар Париж чанд таркиш анҷом доданд, гумонбар мешавад.
Дар натиҷаи таркишҳо дар фурудгоҳи Завентем ва метрои Брюссел 22 март 32 нафар кушта шуд.
Нархномаҳо дар Қирғизистон бо пули миллӣ ҳатмӣ мешавад
Шашуми апрел дар Ҷумҳурии Қирғизистон қонуни ишораи ҳатмии нархномаҳои маҳсулот ва хизматрасонии ҳавопаймоҳо танҳо бо пули миллӣ ва манъи истифодаи асъори хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.
Ин қонун, ки онро 18-уми март парлумони Қирғизистон ба тасвиб расонид, асосан ба бозори моликияти ғайриманқул, фурӯши мошинҳо ва ба соҳаи ҳавонавардӣ дахл дорад. Дар гузашта муомилот дар ин бахшҳо асосан бо доллар ва евро анҷом дода мешуд.
Барои иҷро накардани муқаррароти қонуни нав ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷарима пешбинӣ шудааст.
Манъи таблиғи як қатор хизматрасонӣ дар Туркманистон
Дар Ҷумҳурии Туркманистон таблиғи хизматрасонии гипноз, табибони халқӣ, фолбинҳо, ситорашиносон, ҷодугарон ва афроди дигаре, ки худро донандаи ғайб меҳисобанд, мамнуъ эълон шуд, зеро дар ин ҷо қонун «Дар бораи фаъолияти рекламавӣ» қабул гардид, ки таблиғи хидматрасониҳои шаҳвонӣ, аз ҷумла бо баҳонаи кумаки равонӣ, муошират, истироҳат, маҳс, хушгузарониро манъ мекунад.
Таблиғи қиморхона, аз ҷумла казинои интернетӣ низ аз ҳамин қабил аст.
Шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд дар Индонезия 30 рӯз бе раводид будубош намоянд
Дар Индонезия қонуне қабул гардид, ки тибқи он шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд дар ин кишвар бе раводид (виза) 30 рӯз қарор дошта бошанд.
Дар ин бора аз сафоратхонаи Қирғизистон дар Малайзия хабар додаанд. Қоидаи бе раводид ба намояндаи расонаҳое, ки бо ҳадафи фаъолияти касбӣ вориди ин кишвар мешаванд, рабт надорад. Ҳамчунин, тибқи қонуни мазкур низоми бидуни раводидро наметавон тамдид кард ё ба ягон намуди дигари виза табдил дод.
Таъкид мешавад, ки вуруди бе раводиди шаҳрвандони Қирғизистон ба Индонезия танҳо ба воситаи фурудгоҳи байналмилалии Soekarno-Hatta-и ин кишвар имконпазир аст.
Қирғизистон соҳиби рӯзи Инқилоби мардумӣ шуд
Парлумони Қирғизистон 7-уми апрелро рӯзи ҷашнӣ эълон кард.
Вакилони Жогорку Кенеш якбора дар се хониш тарҳи қонунро дар бораи эълон кардани 7-уми апрел ба унвони Рӯзи инқилоби мардумии моҳи апрел ба тасвиб расониданд. Дар ин бора сомонаи интернетии парлумон хабар додааст.
Дар робита ба ин, ба Кодекси меҳнат ва Қонун «Дар бораи Рӯзи инқилоби мардумии моҳи апрел – 7 апрел» тағйирот ворид карда мешавад. Тибқи лоиҳаи ин қонун ҳар сол 7-уми апрел рӯзи истироҳат дониста мешавад.
Пештар лоиҳаи қонуни мазкурро шаш ҷиноҳи парлумонӣ ва кумитаҳои соҳавӣ баррасӣ ва тасдиқ кардаанд. Таҷлил аз ин рӯзро 4-уми апрел Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев пешниҳод намудааст.
Беларус доктринаи низомиро нав мекунад
Вакилони Маҷлиси миллӣ (парламент) — и Беларус дар рӯзи кушодашавии нуҳумин (охирин) сессияи даъвати панҷум лоиҳаи Қонун «Дар бораи тасдиқи Доктринаи низомии Ҷумҳурии Беларус»- ро тасдиқ намуданд.
Вазири мудофиаи Беларус Андрей Равков самтҳои асосии сиёсати низомии давлатро ба вакилон пешниҳод намуда, сабабҳои тағйирот дар доктринаро «дигаргуниҳои назаррас дар ҷаҳон, Аврупо ва худи Беларус» номид. Ба гуфтаи вазир, доктринаи нав коркард шудааст, вале самти мудофиавиашро нигоҳ доштааст.
- Мо касеро душмани потенсиалии худ намеҳисобем, ба касе таҳдид намекунем, вале манфиатҳои худро ба ҳар восита ҳимоя менамоем, — гуфт Равков.
Санади мазкур ҷавобҳоро ба таҳдиду нигарониҳое, ки алҳол кишварҳо ба он рӯ ба рӯ шудаанд, дар бар мегирад. Дар ин робита номгӯйи таҳдидҳои дохилию хориҷии низомӣ барои ҷумҳурӣ васеъ гардонида шуд. Диққати махсус ба равандҳои номатлуб вобаста ба коркарди консепсияи «инқилобҳои ранга» ва механизмҳо оид ба тағйирдиҳии сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти арзии давлатҳо бо роҳи ангехтани моҷароҳои дохилии низомӣ дода шудааст. Аз муҳтавои ин ҳуҷҷат бармеояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус дар амалиёти низомии берун аз кишвар иштирок намекунанд.
Доктринаи низомии собиқ моҳи декабри соли 2001 қабул шуд. Артиши Беларус тақрибан аз 65000 низомӣ иборат аст. Ба гуфтаи Равков, доктринаи нави низомӣ ба буҷети давлатӣ сарборӣ нахоҳад шуд. Барои нигоҳ доштану рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус соли равон 800 миллион доллари ИМА ҷудо мегардад.
Интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон
Якшанбеи гузашта Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд интихоботи миёнадаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард.
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои як курсӣ аз чор ҳизб (Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ) ва дар ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 намояндаи ҳизбҳои халқии демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва як номзади мустақил ширкат доштанд.
Бо вуҷуди он ки ҳизбҳои коммунист ва сотсиал — демократ дар парлумон соҳиби курсӣ нестанд, дар интихобот ширкат накарданд.
Таҳияи А. САМАРИДДИН ва С. САЙФИДДИН