Ба мо муроҷиат мекунанд

Аз фаъолияти вакиламон розӣ ҳастем

№10 (4593) 06.01.2023

Салом ба аҳли идораи рӯзномаи «Садои мардум».  Аз саҳифаҳои рӯзнома роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси Олӣ, махсусан иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, фаъолияти вакилони мардумӣ, қонуну қарорҳои қабулшуда ва дигар рӯйдодҳои Тоҷикистон воқиф мешавем.

Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мақола ва хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон мегардад.

Мо аз намояндаи худ дар Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз Қодир розием, зеро ба арзу муроҷиатҳои мо сари вақт ҷавоб гардонида, кӯшиш мекунад ба ҳалли масъалаҳои ба миёномада мусоидат намояд.

Тавассути рӯзнома ба вакиламон миннатдорӣ баён мекунем.

Мамадназар Ғуломов,

сокини ноҳияи Роштқалъа