Сокинони Хуросон аслан ба кишоварзӣ машғуланд. Иқлими мусоид сабаб гардидааст, ки дар он ҷо боғу токзори зиёд бунёд ва парвариши дигар намуди зироатҳо роҳандозӣ гардад. Чун ноҳия дар байни ду шаҳри бузурги кишвар — Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсолшуда сари вақт ба бозорҳои пойтахти мамлакат ва маркази маъмурии вилояти Хатлон интиқол ёбад. Ин ва дигар масъалаҳоро ба инобат гирифта, салоҳ донистем бо раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода доир ба вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои анҷомёфта дар шаш моҳи аввали соли равон гуфтугӯ намоем.
- Лутфан, мехостем суҳбатро аз иҷрои нақшаи буҷети ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон оғоз кунем. Он дар кадом сатҳ аст?
- Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Хуросон, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, барзиёд иҷро гардид. Яъне, ба ҷои 13 миллиону 45 ҳазор сомонии нақша, ба буҷет 13 миллиону 93 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба супориши пешбинишуда 47,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 11 миллиону 698 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 667 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷет 95 дарсад иҷро шуд. Аз ҷумла, сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 88 фоиз, маориф — 92, нигаҳдории тандурустӣ — 92, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 88, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 100, фарҳанг — 77 ва хоҷагии қишлоқ 71 фоиз маблағгузорӣ гардиданд.
- Рушди соҳибкорӣ, саноат ва сармоягузорӣ дар кадом вазъ қарор доранд?
- Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи нозироти андози ноҳия 57 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 11 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 1 миллиону 519 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 4 шахси ҳуқуқӣ ва 29 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд. Гузашта аз ин, 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 19 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, аз 119 лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020», ки 210 миллион сомониро дар бар мегирад, то 1 июли соли ҷорӣ 47 лоиҳа ба маблағи 82 миллион сомонӣ иҷро шуд.
Умуман, дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (дар ноҳия 16 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки айни замон 3-тои он фаъолият намекунад) ба 25 миллиону 539 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 651 ҳазор сомонӣ ё 1,1 фоиз зиёд мебошад.
- Омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна аст?
- Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар доираи он ба таври умумӣ, бунёду таъмири 189 иншоот ба нақша гирифта, то 1 июли соли ҷорӣ 130 иншоот ё 68,7 дарсад сохта ба истифода дода шуд.
Аз иншооти тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда, сохтмону бунёди 48 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 2 кӯдакистон, 12 майдонча ва 3 варзишгоҳ, 4 беморхона, 17 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази тиббӣ, 7 дорухона, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 7 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн, 4 ҳаммом, 2 корхонаи коркарди шир, 3 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи адрасбофӣ, 2 корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, 4 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 маркази савдо ва 78 маркази хизматрасонӣ, инчунин дӯкони ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии аҳолӣ дар ҷамоатҳо гурӯҳҳои кории салоҳиятнок дар ҳайати ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фаъолон ва шахсони обрӯманд таъсис дода, бо қарори раисони ҷамоатҳо уҳдадории онҳо тасдиқ карда шуданд. Онҳо тибқи талаботи санадҳои таҳияшуда, бо усули «Хона ба хона» оид ба масъалаҳои додани эътибори аввалиндараҷа ба намои зоҳирии манзили истиқоматӣ, рангубори дарвоза, деворҳои гирду атроф, хона ва иншооти ёрирасон, чароғонкунӣ ва сангфаршкунии назди манзилҳои истиқоматӣ, дар доираи имкон бетон кардани саҳни ҳавлӣ, самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ — кишт кардани зироатҳои сердаромад, полезиҳо ва сабзавот, башаклдарории дарахту ниҳол ва гулу буттаҳо, ташкили партовгоҳҳои алоҳида дар назди манзилҳои истиқоматӣ ва риояи истифодабарии партовгоҳҳои ҷамъиятӣ корбарӣ карда, ҳар рӯз аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти иҷроия гузориши муфассал пешниҳод менамоянд.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2020 корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 77,5 миллион сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар масоҳати 3431 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 4,1 баробар зиёд аст.
Дар ин давра 3 километр роҳ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ гардида, ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон 3 пул ба маблағи 158 ҳазор сомонӣ ва 31,8 километр роҳ ба маблағи 95,5 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шуд.
- Соҳаи кишоварзӣ дар кадом вазъ қарор дорад?
- Дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 186 миллиону 969 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 618 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Имсол кишти пахта дар майдони 4312 гектар гузаронида шуд, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Кишти зироатҳои дигар, аз қабили ғалладона дар 8475 гектар, сабзавот — 970, полезӣ — 340, картошка – 334 ва зироатҳои хӯроки чорво дар 620,5 гектар гузаронида шуданд. Истеҳсоли ғалладона 22238 тонна, картошка — 4110, сабзавот — 18437, мевагиҳо — 990, гӯшт — 1195, шир — 4122, пашм — 114 ва пилла 6 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 афзоиш мутаносибан аз 100 то 110 фоизро дар бар мегирад.
Кишоварзон баҳри самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани на камтар аз ду ҳосил ҳама имкониятро истифода бурда, то 1 июли соли равон дар майдони 3620 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки аз он ҷуворимаккаи дон 1580 гектар, лӯбиёгиҳо — 280, мош — 390, шолӣ — 120, сабзавот — 415, полезиҳо — 130, зироатҳои техникӣ — 115 ва зироатҳои хӯроки чорво 590 гектарро ташкил медиҳад.
Дар давраи зикршуда саршумори чорвои калон ба 37090 сар, моли майда — 95348, паранда — 77089 ва асп ба 7052 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 саршумори чорвои калон 326 сар, моли майда 5006 ва паранда 3302 сар зиёд мебошад.
Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 88,2 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 3 баробар аз нақшаи тасдиқгардида зиёд аст.
Инчунин, тибқи маълумоти оморӣ, аз ноҳия 1800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ содирот карда шуд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
- Масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ дар кадом ҳолат аст?
- Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 434 нафар муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора 378 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки 100 нафари онҳо зан мебошанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 7 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 250 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 8 корхона ва 450 корҷӯй иштирок намуданд. 131 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 97 нафар бо кор таъмин шуданд. 162 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 20 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 10 нафар ба маблағи 47200 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
Ҳамчунин, бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма 825 нафар таъмин гардиданд, ки 100 дарсади нақша мебошад.
- Акнун биёед доир ба соҳаи маориф суҳбат намоем. Зеро рушди тамоми соҳа ба он алоқамандӣ дорад.
- Дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 28 ҳазору 717 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1705 омӯзгор, аз ҷумла 805 нафар зан таълим медиҳанд. Аз ин шумора 992 нафар бо маълумоти олӣ, 635 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 69 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.
Дар 4 муассисаи томактабӣ 475 кӯдак дар 18 гурӯҳ ба таълиму тарбия, дар назди 36 муассисаи таълимии ноҳия 820 нафар кӯдаки 5-6 — сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Аз 1534 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1174 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд, ки 77,5 фоизро ташкил медиҳад.
Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 101 фоиз расонида шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ дар як баст анҷом дода шуда, сохтмони 12 синфхонаи иловагии дигар дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.
- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ чӣ қадар муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст?
- Дар нимсолаи аввали соли равон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 783 шаҳрванд, 724 нафар хаттӣ ва 59 кас шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии онҳо 12 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 10 ариза ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 666 адад (92 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 58 адад дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
- Мушкилоте, ки бартараф кардани онҳоро дар мадди аввал зарур мешуморед, кадоманд?
- Мушкили асосӣ сари вақт маблағгузорӣ нашудани лоиҳаҳои сохтмонии тибқи бандҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020» пешбинигардида аз ҷониби масъулон мебошад. Ҳамчунин, кашидани хатҳои нави интиқоли оби полезӣ бо мақсади обёрии заминҳои бекорхобидаи деҳоти «Ғаллаобод», ки бартараф карданаш зарур аст.
Мусоҳибон Самариддин АСОЗОДА, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»