Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ 15 июни соли равон кумаки навбатии тиббии Ҳиндустон барои мардуми Тоҷикистонро ба муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.
Дар маҷмӯъ, аз 1 майи соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Тоҷикистон 14 тонна лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла, дору ва дигар ошёи барои мубориза бо пандемияи COVID – 19 истифодашавандаро ирсол намудааст. Ин амали хайр дар замоне, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон дучори пандемияи COVID – 19 гаштаанд, аз робитаҳои наздики Ҳиндустону Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад,- гуфт Вираҷ Сингҳ.
Кумаки башардӯстона тавассути ҳавопаймоҳои махсус, ки барои аз Тоҷикистон бозгардонидани шаҳрвандони Ҳиндустон пешбинӣ гардида буданд, ворид шудааст. Аз 27 май то 14 июни соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҳиндустону Тоҷикистон 8 парвози махсус – ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия»- и Ҳиндустон ва шаш парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода шудааст.
Тавассути ҳавопаймо 1312 нафар шаҳрванди Ҳиндустон ва 65 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд, ки дар миёни онҳо 46 нафар мутахассиси тоҷики дар курсҳои бозомӯзии таъсиснамудаи Ҳукумати Ҳиндустон таҳсилкарда низ буданд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»