Аз Истиқлолият то Истиқлолият

№112 (3097) 07.09.2013

Рақамҳо шаҳодат медиҳанд

75c31ca84b3319592e9d7f06872ecc00

Соли 2012

21 сентябр  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

25 сентябр Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72 ва мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.

27 октябр Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд сафар карда, рӯйдоди бузурги таърихӣ — нақби мошингарди «Шаҳристон» — ро  расман ифтитоҳ бахшид.  Дар ин рӯз инчунин  дар фазои тантанавӣ ба навсозии роҳи мошингарди Айнӣ- Панҷакент оғози расмӣ бахшида шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва мактаби нав дар деҳаи Қалъачаи Гули Зард мавриди истифода  қарор гирифтанд.

18 ноябр Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба тантанаҳои таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар карда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави Осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум иштирок намуд.

30 ноябр Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави  Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кушода, дар толори он бо намояндагону кормандони ин соҳа мулоқот намуд.

Соли 2013

23 апрел Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои истиқоматӣ ва иншооти варзишии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ намуд.

5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими оғози сохтмони роҳи Туркманистон- Афғонистон – Тоҷикистон ба Туркманистон сафар кард. Дар ин ҷо дар фазои тантанавӣ ба  сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон- Афғонистон- Туркманистон  оғози расмӣ бахшида шуд.

17 июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Корхонаи муштараки Зарафшон» дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент  иштирок намуд.

19 июн  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии Маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш» — и шаҳри Хуҷанд ширкат варзид.

5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон, инчунин майдони калон ва тенниси рӯйи мизи шаҳри Қӯрғонтеппаро расман ба истифода супорид.

20 июл дар маркази ноҳияи Шаҳринав Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон толори муосири варзишӣ ва нахустин корхонаи муосири коркарди нафтро ифтитоҳ намуд.

13 август боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Норак бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳр оғоз ёфт. Ҷаноби Олӣ инчунин Маркази нави 22-киловолтаи тақсимоти барқ дар  Неругоҳи барқи обии «Норак»- ро ифтитоҳ кард.

27 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Пойгоҳи инноватсионии ронандагиро ифтитоҳ намуд. Инчунин се бинои боҳашамати иловагии дигарро дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №97 ва Маҷмааи сеошёнаи варзишии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дод.

29 август Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба  ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар ифтитоҳи Корхонаи нави истеҳсоли семент ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» ва ҳамчунин Маҷмааи варзишии «Форам», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ширкат варзид.

1 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Ҳаёти нав»-и пойтахт  бинои нави факултети  сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро мавриди истифода қарор дод.

4 сентябр Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маросими кушодашавии озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ва марказҳои саломатии шаҳрии рақамҳои 14 ва 9 ширкат варзид.

5 сентябр бо иштироки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҳисор як мактаби муосири таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои 1700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, ба фаъолият шуруъ намуд. Инчунин дар ин рӯз Маркази маъмурию тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза ва Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ ( троллейбусҳо) ва дучарха» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»